Академияи деринтизори ВАО таъсис шуд
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис шуд.
Дар мавриди зарурати таъсиси чунин як ниҳод Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 10 марти соли 2012 дар ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик ишора карда буд. Баъдан гуфта шуд, ин академия моҳи июни соли 2012 дар ҳудуди 130 воҳиди корӣ дар 7 кафедра ба фаъолият оғоз мекунад. Аммо ду моҳи пеш, Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар як суҳбати ихтисосӣ ба “Озодагон” гуфт, “лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Академияи воситаҳои ахбори омма омода шудааст ва дар ҳоли баррасӣ дар вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад: бояд макони ҷойгиршавӣ, ҳаҷми маблағгузорӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти ин муассиса мушаххас карда шаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |