Ҳалокати "Ҷумъаҷони Намангонӣ" дар роҳ ба Шаҳритус
Зайнулобуддин Меъроҷов, сокини ноҳияи Шаҳритус ва собиқ маҳбуси Гуантанамо, ки дар он ҷо бештар бо номи "Ҷумъаҷони Намангонӣ" маъруф будааст, баъди ихроҷаш аз Русия дар роҳ ба хона ба садама дучор гардида, вафот кардааст.
Ба иттилои наздикони номбурда, оқои Меъроҷов давоми як соли охир дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошта, чанде пеш ба далели нақзи қонунҳои будубош аз тарафи мақомоти ин кишвар ба Тоҷикистон депорт шудааст. Ба иттилои манбаъ, Меъроҷов дар ҳоле ба садама дучор шуд, ки ба самти ноҳияи Шаҳритус ба дидори наздикон ва духтари навзодаш шитоб мекард.
Зайнулобуддин Меъроҷов соли 2003 аз тарафи низомиёни НАТО боздошт ва бо ҳамроҳии 12 нафар тоҷики дигар ба Гуантанамо интиқол дода мешавад. Оқои Меъроҷовро аз маҳбаси Гуантанамо соли 2008 озод мекунанд. Гуфта мешавад, ки низомиёни НАТО оқои Меъроҷевро ҳангоми кор, яъне рондани таксӣ боздошт ва бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Толибон равонаи Гуантанамо мекунанд.
Ба иттилои қаблии мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин зиндони маъруфи давраи ҳукуматдории Ҷорҷ Буш 11 тан аз атбои тоҷик нигаҳдорӣ мешуданд, ки ҳар кадоме ба сабабҳои мухталиф дар Афғонистон ба сар мебурданду дар он ҷо боздошт шудаанд. Аз ин теъдод даҳ нафари онҳо озод гардида ба Тоҷикистон омадаанд. Аммо танҳо як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Умар Абдуллоев, ки исми аслияш Муҳаммадӣ будааст, дар Гуантанамо боқӣ мондааст. Абдуллоев тавассути вакили мудофеаш аз бозгашт ба Тоҷикистон худдорӣ карда, интизори интиқол ба кишвари севум мебошад. Вай гуфтааст, дар сурати бозгашт ба Ватан ӯро шиканҷа ва зиндони тӯлонимуддат мунтазир аст.
Зайнулобиддин Меъроҷов, ки дар ҷамоати “Сайёд”-и ноҳияи Шаҳритус ба сар мебурд, тӯли тақрибан ҳафт сол бо исми “Ҷумъаҷони Намангонӣ” дар зиндони Гуантанмо зистааст. Вай дар сӯҳбатҳои қаблияш гуфта буда, ки се бор бо намояндагони амниятии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кардааст. Меъроҷовро моҳи октябри соли 2008, баъд аз он ки бегуноҳияш собит шуд, ба Тоҷикистон оварданд. Ӯро 35 рӯз дар Кумитаи амнияти миллӣ нигаҳдорӣ карда, пас аз бозпурсӣ раҳо намуданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |