АКС: Насби камераҳо дар Кумитаи амният, прокуратура ва Суди Олӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо мақсади ҷилавгирӣ аз қонунвайронкуниҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва атрофи иншооти муҳими давлатӣ камераҳои назоратӣ насб шудаанд.
Ба иттилои ВКД дар доираи марҳилаи аввали лоиҳаи “Шаҳри бехатар” дар бисёри кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии маркази Душанбе камераҳо насб шуданд ва натиҷаи хуб нишон доданд: “Ин аст, ки дар бино ва гирду атрофи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Маркази савдои Гулистон ва бинои Сирк низ камераҳо насб гардиданд ва ин имкон медиҳад, ки вазъият дар ин минтақаҳо таҳти назорат гирифта шуда, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ таъмин гардад.”
Ин дар ҳолест, ки дар доираи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” дар Душанбе бо харҷи 22 миллион доллари қарзи Чин насби ҳудуди 850 камера дар назар аст, ки бо низоми мутамарказонидашудаи худкор пайваст мебошанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |