Пешниҳоди Эшони Сайид Қиёмуддин дар бораи солшуморӣ

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, рӯҳонии тоҷик, дар як сӯҳбати худ аз мақомдорони тоҷик хостааст, то кишвар ба солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ ва ё шамсӣ гузарад. Ба қавли ӯ, “чанд соле аст, ки давлат ва давлатмардон ва равшанфикрону зиёиён сӯҳбат аз фарҳанги ориёӣ ва ғайра менамоянд, пешниҳоди мо ин аст: аз он ҷо, ки мо мусалмон ва тоҷикистонӣ ҳастем, тақвими худро ё ба ҳиҷрӣ-қамарӣ баргардонем ва ё ба шамсӣ.”
Тоҷикистон як қарн боз аз рӯи тақвими масеҳии григорианӣ кор мекунад. Ин солшуморӣ аз замони таваллуди Исои Масеҳ оғоз ёфта, бар асоси он соли нав рӯзи якуми январ фаро мерасад. Аммо солшумории ҳиҷрии қамарӣ дар замони ҳазрати Умар пайдо шуда, аз рӯзи ҳиҷрати паёмбари Ислом аз Макка ба Мадина, яъне аз 1 моҳи муҳаррами соли 622 ва аз рӯи гардиши моҳ ҳисоб карда мешавад.
Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ пешниҳодаш дар бораи гузаштан ба солшумории ҳиҷрии қамарӣ ва ё шамсиро ҳангоми сӯҳбати худ дар бораи таҷлил аз Соли нави мелодӣ ва таваллуди Исои Масеҳ баён доштааст. Вай дар масъалаи таҷлили Соли нав гуфтааст, муборакбодии ин ҷашн ба якдигар аз нигоҳи Ислом гуноҳ дониста намешавад.
Ба бовари ӯ, барои инсон дар ҷашни Соли нави мелодӣ замоне гуноҳ навишта мешавад, ки дар рӯз ё шаби 31 декабр базм ё маҳофили пур аз амалҳои ғайриахлоқию исрофкорӣ барпо карда шавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |