Бахшҳо
28 дек 2013 12:37Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Номаи Нуриддин Саидов ба раҳбарони муассисаҳои таълимӣ

Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, бо ирсоли як нома ба роҳбарони муассисаҳои таълимии кишвар ташкил намудани зиёфату шабнишиниҳо дар робита ба Соли нави мелодиро қатъиян мамнӯъ донистааст. Вай, инчунин, хостааст, аз истифодаи ҳама гуна маводи пиротехникӣ, харидории ҳадяву харҷи беҳуда худдорӣ бишавад.

Дар ин номаи оқои Саидов гуфта шудааст, таҷлили Соли нав аз 25 декабр оғоз гардида, то 31 ҳамин моҳ идома хоҳад дошт. Дар идома таъкид шудааст, ки “ҳангоми чорабиниҳо буридани шохи арчаи табиӣ манъ буда, гузарондани чорабиниҳои солинавӣ то соати 15 аз рӯи сенарияи тасдиқшудаи роҳбари муассисаи таълимӣ гузаронда шавад.”

Вазири маориф ва илм дастур додааст, рӯзи 1 январи соли 2014 бо ҳадафи риояи тартибу низом бо роҳбарии шахсони масъул навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардад. “Дар Соли нави мелодӣ баргузории чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, шеърхонӣ, озмунҳои рассом, хонандаи беҳтарин, мусобиқаҳои футболи хурд, баскетбол, гӯштигирӣ, бокс, таъсиси газетаи деворӣ ва ғайра иҷозат дода мешавад”,-омадааст дар номаи вазир Нуриддин Саидов.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ватан
Мухтарам вазир хафа нашавед ин фахмишхои кишлокиатонро партоед. Асри 21 аст на 9 е10. Дилам ба ватанам месузад ки ин хел рохбарони чахонбинии паст дошта моро рохбари мекунанд. Охир ин иди соли нав аст ки кариб дар тамоми мамлакатхои таракикардаи дуне онро чашн мегиранд. Афсус то кай ин хел давом мекарда бошад.

Хай
Чаноби Вазир!
Илтимос, хамун мактуби имзокардаатонро як маротиба хонед!
Ба фикри шахсии ман ислохотро дар сохаи маориф аз тахия намудани лоихаи фармони Президенти ЧТ оиди озод намудани худатон аз вазифаи ишголнамудаатон сар кунед, бамаврид мешавад.

Вазир аз доираи салохият баромадааст. Ичозату танзими баргузории соли нав ба ваколати Вазорати маориф ва илм дохил намешавад. Лекин, кани рохбари гурдадори муассисаи таълими, ки чунин амрхои гайриконуниро ба тарозуи бахси суди кашад? Хайхот, дар низоми мавчуда конун дигар курб надорад...

Махмадшариф
Боракаллох чаноби Вазир хеле кори хубу кори савоб кардед.
Худованд ба Шумо Fайрати исломи дихад.
Ман ташаббаха би кавмин фа хува минху.
Аслан ин ид иди мо нест

парв
Ба гайр аз чашнгирии соли нав сохаи маориф дигар проблема надошта боша. Бехтараш ба сифати таълиму тарбия ин кадар вакту кушиш сарф намоед. баъзе хонандагони синфхои 10-11 то хатто хонда наметавонанд. фикрашонро баён кардан усу бестат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)