Ҳумайрои Бахтиёр беҳтарин инъикосгари интихобот эълон шуд
Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори «Озодагон», дар озмун зери унвони «Беҳтарин инъикосгари интихоботи президенти Тоҷикистон – 2013» миёни 20 рӯзноманигори ширкаткунанда беҳтарин эълон гардид.
Ин озмун дар доираи лоиҳаи “Боло бурдани малакаи намояндагони ВАО оиди инъикоси интихоботи президентии соли 2013” аз ҷониби дафтари Пажуҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон баргузор гардида, зимни он истифодаи технологияҳои нав, жанрҳои гуногуни журналистӣ, мутобиқат ба меъёрҳои ҷаҳонии журналистӣ ва шумораи матолиби рӯзноманигорони ширкаткунанда баҳогузорӣ шудааст.
Мувофиқи баҳои ҳакамон, ҷои аввал насиби Ҳумайрои Бахтиёр шуда, ҷойҳои дуюм ва сеюмро мувофиқан Ганҷина Ганҷова , хабарнигори радиои “Озодӣ” ва Ҳарамгули Қодир, рӯзноманигори мустақил соҳиб шуданд.
Лоиҳаи “Боло бурдани малакаи намояндагони ВАО оиди инъикоси интихоботи президентии соли 2013” аз ҷониби IWPR бо кумаки созмони ҷаҳонии дастгирии ВАО (IMS) амалӣ гардидааст. Омӯзиш дар доираи ин лоиҳа моҳи августи соли ҷорӣ оғоз шуда, моҳи декабр ҷамъбаст гардид. Дар он бештар аз 20 рӯзноманигор аз расонаҳои давлатӣ, мустақил ва байналхалқӣ иштирок намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |