Епископи Душанбе дар бораи Соли Нав, Сталин ва бобою барфак
Епископи Душанбе ва умумитоҷикистонӣ, Питирим мегӯяд, Соли нав Иди масеҳиён нест ва Бобои барфию барфак боқимондаи замони ҷоҳилиятанд.
Епископи Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҷашни Соли навро набояд, иди масеҳиён донист. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷашн дар даврони Шӯравӣ дар аҳди Иосиф Сталин густариш ёфтааст ва он ба калисо рабт надорад: “Бо вуҷуд пайравони дини масеҳият ба ин ҷашн эҳтироми хоса мегузоранд. Ба хотири шукргузорӣ ва сипос барои Худованд ба неъмату додаҳояш дар соли гузашта ва талаби хушбахтию баракат дар соли нав пайравони калисо дар ин сана ба таври сода, бидуни ягон чорабинии махсус гирди ҳам меоянд.”
Ин руҳонии масеҳӣ мегӯяд, Соли нави мазҳабии масеҳиён таърихи 14-уми сентябри ҳар сол таҷлил карда мешавад. Ӯ таъкид кард, ки дар гузашта масеҳиён ин ҷашни худро моҳи март пешвоз мегирифтанд.
Еписоки Тоҷикистон мегӯяд, Соли Нав бархе аз нишонаҳои замони ҷоҳилиятро нигоҳ доштааст ва бобои барфию барфакро мисол овард, ки қаҳрамонҳои боқимондаи замони ҷоҳилиятанд.
Ин дар ҳолест, ки беш аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави Исломанд ва ҳар сол масъалаи таҷлил шудан ва ё нашудани ҷашни Соли нави милодӣ дар ҷомеаи кишвар матраҳ мегардад. Рӯҳониён Соли навро ҷашни мазҳабӣ дониста, таҷлили онро ба унвони ҷашни милоди Масеҳ ғайри қобили қабул шуморидаанд. Вале мақомот борҳо гуфтаанд, ин ҷашн барои сокинони Тоҷикистон аз даврони Шӯравӣ ба “мерос” монда, на ҷашни мазҳабӣ, балки “тағйири тақвим” аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |