Шоу-бизнес: Қарордоди Зулайхо бо Беҳрӯз Зеваров (ВИДЕО)
Зулайхо Маҳмадшоева, хонандаи попи тоҷик бо ширкати “ТопМедиа” қарордоди ҳамкорӣ бастааст.
Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик ва раҳбари ширкати “ТопМедиа” ба "Озодагон" гуфт, қарордоди ҳамкорӣ имрӯз имзо шуд: "27-уми декабр шартномаро бо Зулайхо барои як сол имзо кардем".
Зулайхо Маҳмадшоева аз шогирдони Манижа Давлатова гуфта мешавад, ки бо тақлид ба садои Манижа вориди саҳна шуда, зуд маъруф гардид. Ҳоло шеваи хонандагии худро дорад, ки намунааш таронаҳои “Кабутар” ва “Дили девона”-анд. Қарор аст, ҳафтаи равон клипи ҷадиди ӯ бар матни суруди “Бобуна” муаррифӣ шавад.
“ТопМедиа” ва "ҶМ Продакшн" аз ширкатҳои продюсерии Тоҷикистон аст, ки раҳбарии онро Беҳрӯз Зеваров бар уҳда дорад. Ин ширкатҳо то имрӯз бо зиёда аз 10 овозхони тоҷик, назири Ҷонибек Муродов, Парвин Юсуфӣ, Таҳмина Ниёзова ва Ховар Муродов қарордоди ҳамкорӣ бастааст. Охирин нафари ба ин тим пайваста Баҳром Ғафурӣ буд, ки моҳи сентябр барои се сол шартномаи ҳамкорӣ бастанд.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |