Афзоиши қонуншиканиҳои хориҷиён дар Тоҷикистон
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ҳузури шаҳрвандони хориҷиро дар кишвар санҷида, нисбати 767 нафарашон барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб доданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 177 адад зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ тайи соли равон бо қарорҳои суд 438 шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон берун карда шудаанд, ки аз нишондоди соли гузашта 74 нафар бештар мебошад.
Манбаъ мегӯяд, дар давоми 11 моҳи соли 2013 нисбати 116 нафар шаҳрвандони Покистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 76 нафари онҳо аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шуданд.
Инчунин Хадамоти муҳоҷират таъкид мекунад, ки аз аввали сол нисбати 86 нафар шаҳрвандони Афғонистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 47 нафари онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |