Шайх Қарзовиро аз Академияи “Ал-Азҳар” берун кардаанд
Академияи тадқиқоти исломии назди маркази “Ал-Азҳар” (Қоҳира) эълон кардааст, Юсуф Қарзовӣ, донишманди маъруфи олами Исломро аз узвияташ берун кард.
Бино ба иттилои торнамои islamnews.ru, академия далели ин тасмимашро “дар робита ба даъват ба додгоҳ дар доираи парвандаи ҷиноӣ, нақзи принсипҳои идеологияи “Ал-Азҳар” ва додани фатвоҳо, ки алайҳи институтҳои давлатиянд” унвон кардааст.
Муҳаммад Шаҳод, як узви академия гуфтааст, тасмими берун кардани Қарзовӣ “бо далели мавқеъ гирифанаш алайҳи “Ал-Азҳар” ва Миср” якдилона гирифта шуд.
Қарзовӣ дар робита ба ҳаводиси 30 июн - 3 июли Миср аз мақомоти кишвар интиқод кард. Ӯ ҳамчунин шайхи ал-Азҳар Аҳмад Тайибро барои он ки розӣ нашуд шӯрои уламои “Ал-Азҳар”-ро барои баҳогузорӣ ба ҳаводиси ба вуқӯъомада дар майдонҳои Робия ал-Адавия ва ан-Наҳда дар моҳи августи соли равон ҷамъ биёрад, танқид кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |