Дастгоҳи президенти Афғонистон эълом доштааст, ки бар асари суқути чархболи махсуси амрикоӣ ҳудуди 31 нафар аз низомиёни ИМА ба ҳалокат расидаанд.
Қаблан, НАТО ҳам ба расонаҳо дар бораи суқути чархбол иттилоъ дода буд, аммо дар бораи талафоти он чизе нагуфта буд. Дафтари райисҷуҳури давлати исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, бо судури эъломияе гуфтааст, ки раиси ҷумҳурии Афғонистон ба муносибати кушта шудани ин сарбозон ибрози таассуф карда ва ба Барак Обама, президенти Амрико изҳори таслият мекунад. Дар асоси ин изҳорот маълум мешавад, ки ин чархбол шаби гузашта дар вилояти Майдон Вардак суқут кард ва 31 тан, аз ҷумла сарнишинони он низ кушта шуданд.
Дар ҳамин ҳол Толибон эълом доштаанд, ки як чархболи НАТО-ро дар вилояти Майдон-Вардак дар ғарби Кобул соқит кардаанд ва дар асари он беш аз сӣ тан кушта шудаанд.Маркази иттилоърасонии НАТО дар Афғонистон иддаъои Толибонро таъйид накарда, аммо ҳузури шӯришиён дар маҳалли ҳодисаро таъйид кардааст.Як шоҳиди айнӣ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки як чархболи НАТО пас аз фуруд бар фарози боми хонаи як фармондеҳи Толибон, замоне ки қасди парвоз дошт, дар ҷараёни даргирӣ суқут кард. {jathumbnail off}
Мӯҳр