ҲНИТ 26 соли зиндони Зайд ва ҳабси Шукуровро маҳкум кард
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 26 декабр бо пахши изҳороте 26 сол зиндонӣ шудани Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноат ва ҳабсу шиканҷаи наворбардори хабаргузории “Озодагон” Абдураҳим Шукуровро маҳкум кардааст.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз Додгоҳи олӣ, ҳукумат ва, бахусус, мақомоти умури дохилии Тоҷикистон талаб кардааст, ки аз эҷоди тарсу хавф худдорӣ намоянду барои таъмини волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон талош варзанд. Ба таъкиди Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ҳамагуна парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ нисбат ба афроди фаъоли ҷомеа ва рӯзноманигорон вазъи дохилии кишварро ноором сохта, ба имиҷи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Дар идома Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар мавриди риояи ҳуқуқи башар ва меъёрҳои бунёди ҷомеаи демократӣ иҷро намояд. Дар зимн, ҲНИТ аз намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, нисбат ба қазияи Зайд Саидов бетараф набошанд.
“Чун додгоҳ дар баробари нодида гирифтани далелҳо, дар нисбати Зайд Саидов, шаҳрванде, ки бо ордени “Шараф” дараҷаи 1 сарфароз шудааст, ҳукми золимона содир кардааст”,-таъкид шудааст дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |