Вакил то ҳол натавонистааст, наворбардори “Озодагон”-ро пайдо кунад
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Абдураҳим Шукуров, наворбардори боздоштшудаи “Озодагон” мегӯяд, аз субҳ боз мақомот зерҳимояшро ба ӯ нишон намедиҳанд ва зоҳиран монеаи сунъӣ эҷод мекунанд.
Ёров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, пеш аз зуҳри 26 декабр барои мулоқот бо зерҳимояаш ба боздоштгоҳи муваққатӣ рафт, “аммо масъулини боздоштгоҳ гуфтанд, Сулаймонов. Ф, ҷонишини сардори шуъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шукуровро аз боздоштгоҳ гирифта, ба шуъбаи умури дохилӣ бурдааст.”
Ин вакили дифоъ афзуд, чун ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳозир шуд, маъмурин ба ӯ гуфтанд, Шукуровро дубора ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки Хуршед Раҳмонов, муовини дигари раиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, бегоҳи 25 декабр гуфт, Шукуров барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ба 7 рӯзи зиндон маҳкум шудааст.
Аммо додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ содир намудани қарор дар бораи ҳабси Абдураҳим Шукуровро рад кард. Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон” зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздошту латукӯб шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |