120 сомонӣ ҷаримаи тарафдорон ва наздикони Зайд Саидов
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Қосимов ва Мавҷуда Соҳибназарова, ташаббускорони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” ва чанд тан аз наздикони Зайд Саидовро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба андозаи 120 сомонӣ ҷарима карда, аз боздошт раҳо кардааст.
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ, дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, баробари Соҳибназарова ва Қосимов, инчунин, наздикони Зайд Саидов - Саидмаҳбуб Тоиров, Файзиддин Арчаев, Икром Абдуллоев низ ҷарима шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар санаде, ки Шӯъбаи умури дохилӣ ба додгоҳ ирсол кардааст, омадааст, ки Ойниҳол Бобоназарова, Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва Барзу Абдуразоқов низ бозпурсӣ шаванд. Ин афрод рӯзи 25 декабр дар қатори наздикон ва тарафдорони дигари Зайд Саидов -- соҳибкор ва вазири пешини саноат барои шунидани ҳукми ӯ дар назди боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ гирд омада буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |