Истеъфо ва барканории даҳ вазири Туркия

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, аз сурат гирифтани ислоҳоти ҷиддӣ дар ҳукумати ин кишвар бо барканории 10 вазир хабар медиҳад.
Бар асоси гузориши расонаҳои туркӣ, нахуствазири Туркия шоми 25 ба 26 декабр баъд аз мулоқоти худ, бо Абдуллоҳ Гул, раисиҷумҳури ин кишвар вазирони тозатаъини кобинаро эълон кардааст.
Дар баробари ба истеъфо рафтани се вазири туркӣ ба хотири даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ, ахиран Раҷаб Таййиб Эрдуғон Эгемен Багиш, вазири Туркия оид ба умури Иттиҳоди Аврупоро низ барканор кард. Инчунин, расонаҳо мегӯянд, аз симматҳои худ вазири адлия, нақлиёт, варзиш ва саноат, вазир оид ба умури сиёсати оила ва муовини нахуствазири Туркия барканор шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта чанд тан аз кормандони давлатӣ ва пайвандони афроди мақомоти болоии ин кишвар ба хотири даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ ва сӯистифода аз мансаб аз сӯи пулис боздошт шуда буданд. Ба навиштаи расонаҳои туркӣ, миёни боздоштшудагон, фарзандони як қатор вазирон, аз ҷумла вазири умури дохилӣ низ мебошад.
Бо оғоз шудани ин амалиёти алайҳи амалҳои коррупсионӣ дар Туркия якуякбора се вазир бо хоҳиши худ аз симатҳояшон истеъфо дода, беш аз 50 нафар боздошт шудаанд. Ин афрод дар пулшӯӣ ва даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ ва қочоқи тилло муттаҳам мешаванд.
Ин ислоҳоти нахуствазири Туркия дар таърихи 10 солаи мансабдорияш бори нахуст ба шумор меравад. Дар гузашта дар пайи ислоҳотҳои худ бо барканории се чаҳор вазир иктифо мекард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |