Қудратов: На ҳамаи амволи Зайд Саидов мусодира мешавад

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири собиқи саноат, ки 25 декабр ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд, изҳор медоранд, ки 30 декабр ба Додгоҳи Олӣ шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.
Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, 26 декабр, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳори умед кард, ки марҳилаи кассатсионӣ далелҳои муътамади бегуноҳии Зайд Саидовро ба назар гирифта, ӯро сафед хоҳад кард: “Ҳарчанд дар марҳилаи аввали додгоҳӣ мо бегуноҳии Зайд Саидовро исбот кардем, аммо додгоҳ онро ба назар нагирифт. Умед дорем, дар марҳилаи кассатсионӣ Зайд Саидов бегуноҳ эълон хоҳад шуд.”
БОЗДОШТИ ЗАЙД САИДОВ
ВОКУНИШҲО
ҚАЗИЯИ ЗАЙД САИДОВ: АЗ АВВАЛ ТО ОХИР
Дар мавриди мусодираи амволи Зайд Саидов, Шуҳрат Қудратов изҳор дошт, ки қарори додгоҳ дар ин маврид ҳукми қонуниро нагирифтааст ва ин қарор мусодираи тамоми амволи Зайдро дар назар надорад: “Муфаттишони парвандаи Зайд Саидов ҳанӯз дар оғози тафтишот рӯйхати амволи Зайд Саидовро таҳия карда, онро ҳабс намуда буданд, аммо мусодира нашудааст. Дар сурати ҳукми қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ низ иҷрочиёни суд танҳо он амволеро мусодира мекунанд, ки гӯиё бо роҳи ҷиноӣ ва бо маблағҳои аз тариқи ҷиноӣ бадастомада харидорӣ шудаанд.”
Қудратов илова кард, муборизаро барои бегуноҳ эътироф намудани Зайд Саидов идома хоҳанд дод ва изҳори боварӣ намуд, ки дар марҳилаҳои минбаъда додгоҳ бегуноҳии зерҳимояашонро исбот хоҳад кард. Дар марҳилаи аввал Додгоҳи Олӣ Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони навро аз рӯи 4 моддаи ҷиноӣ ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум кард.
Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, моҳи майи соли ҷорӣ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт гардид. Мақомот ӯро барои бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, қаллобӣ, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам карда, ахиран намояндаи додситонӣ барои ӯ 28 соли зиндон хост. Чун боздошти Зайд Саидов дар пайи азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав сурат гирифт, аксарият дастгир шудан ва додгоҳи ӯро сиёсӣ унвон мекунанд. Ин аст, ки дархости додситон низ бо вокунишҳои мухталиф дар ҷомеа рӯбарӯ шуд ва ахиран бархе аз чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги Тоҷикистон бо ирсоли нома аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то шахсан ба ин қазия расидагӣ карда, барои ҳалли одилонаи он кумак намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |