Ихроҷи як одами наздик ба Гулнора Каримова аз Узбакистон
Галанос Янис, шаҳрванди дар Узбакистон боздоштшудаи Юнон сертификати бозгашт ба ватанро дарёфт кардааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Узбакистон, Галанос Янис 24 декабр тавасути хатсайри ҳавоии “Тошканд-Истанбул-Афина” тибқи қонунгузории кишвар аз қаламрави ҷумҳурӣ ихроҷ шудааст.
Қаблан, Гулнора Каримова, духтари калони президенти Узбакистон дар саҳифаи Твиттери худ навишт, ки Галанос 13 ноябр аз ҷониби афроди мусаллаҳ дар шаҳри Тошканд боздошт ва то кунун дар боздоштгоҳ аст.
Ба иттилои Гулнора “Галанос дар пайи шиканҷа 20 кило хароб шудааст” ва “мисли филмҳо бо роҳи азобу уқубат ӯро барои иқрор кардан ба ҷиноят маҷбур кардаанд”.
Галанос, аккос ва тарроҳи юнонӣ шарики наздики Гулнора Каримова буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |