Самадов: “Рустами Эмомалиро ба тӯй даъват карда будем, аммо наомад”

Ҷиргалбек Самадов, вакили парлумони Қирғизистон аз ҳизби “Ота-Журт”, рӯзи 25 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” хабари дарёфти аспи 20 ҳазор долларӣ аз Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистонро, рад кард. Дар ҳоле ки қаблан Шабакаи телевизионии 5-и Қирғизистон дар як навор оқои Самадовро болои аспе намоиш дода ва аз қавли худи ӯ гуфта буд, ки ин асп ҳадяи Рустами Эмомалист ва камаш 20 ҳазор доллар қимат дорад.
Аммо намояндаи мардумии қирғиз дар сӯҳбат бо “Озодагон” хабари даъват шудани Рустами Эмомалӣ ба тӯйи писари панҷсолаашро, ки рӯзҳои 14 ва 15 декабри соли ҷорӣ баргузор гардид, таъйид кард. Ӯ гуфт, ба ҷои писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин маърака дар баробари дигар сиёсатмадорону мансабдорони давлатии хориҷӣ намояндагони ӯ иштирок намуданд.
Самадов иброз дошт, шояд сабаби ташриф наовардани Рустами Эмомалӣ таъин шуданаш ба мансаби нав бошад, ки чанде қабл ба курсии раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон нишаст.
Тӯйи суннатии писари панҷсолаи Ҷиргалбек Самадов рӯзҳои 14 ва 15 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Узгени вилояти Уши Қирғизистон баргузор гардида, дар он беш аз 20 ҳазор меҳмонони дохилию хориҷӣ иштирок намудаанд. Тӯйи писари ин намояндаи мардумии қирғиз муддати ду шабонарӯз идома ёфта, яке аз қазияҳои баҳсбарангез дар ҷомеаи ин кишвар ба шумор меравад. Дар ин навор дида мешавад, чӣ гуна вакили парлумони Қирғизистон бахшида ба тӯйи суннатии писараш бозии бузкашиеро барпо намудааст, ки гуфта мешавад, дар таърихи ин навъи бозӣ амсоли он ангуштшумор мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |