Аксуламалҳо ба ҳабсу шиканҷаи наворбардори “Озодагон”

Дар пайи латту кӯб ва ҳабси Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқ изҳор доштанд, ки ин қазияро пайгирӣ доранд ва ба зудӣ баёнияи расмии худро интишор хоҳанд дод.
Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ):
“Мо аз қазияи Абдураҳим Шукуров огоҳ ҳастем. Бо раҳбарони созмонҳои марбут ба хабарнигорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҳам дар тамос шудем. Қарор кардем, ки имрӯз (25 декабр) дар якҷоягӣ бо ҳам изҳорот пахш кунем. Албатта, мо, созмонҳои хабарнигорӣ ин амалро маҳкум мекунем. Барои расондани кумаки ҳуқуқӣ ба наворбардори “Озодагон” омода ҳастем. Аммо иқдоми нахуст ва расмӣ бояд аз тарафи раҳбарияти “Озодагон” гирифта шавад.”
Қироншоҳ ШАРИФЗОДА, раҳбари Шӯрои Васоити ахбори омма:
“Албатта, ин қазияе, ки бар сари наворбардори “Озодагон”, Абдураҳим Шукуров, омад, барои ҷомеаи хабарнигорон ғайричашмдошт буд. Шукуров он ҷо ҳамчун хабарнигор вазифаи худро иҷро мекард. Монеа шудан барои иҷрои вазифаи хабарнигорӣ бар асоси қонунҳои кишвар манъ аст. Дар Кодекси ҷиноӣ ҳатто омадааст, ки халал расондан, монеа эҷод кардан барои хабарнигорон барои анҷоми кор мӯҷиби ҷазо хоҳад буд. Мутаассифона, амали кормандони ҳифзи тартибот ба меъёрҳои қонунгузорӣ мувофиқат намекунад. Ин дахолат ба фаъолияти хабарнигор буд ва инро дигар хел баҳогузорӣ кардан ғайриимкон ҳаст. Аз ин ҳолат тамоми созмонҳо дар ташвиш буда, бо пахши изҳорот вокуниш нишон хоҳем дод.”
Мухтор БОҚИЗОДА, раҳбари Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон:
“Мо изҳорот пахш хоҳем кард. Қабл аз ҳама, рафтори кормандони ҳифзи ҳуқуқ ғайриқонунӣ буда, боис ба нигаронӣ ҳаст. Онҳо барои фаъолияти хабарнигор монеа эҷод кардаанд. Мутобиқи қонун касе ҳақ надорад, ки ба рафти иҷрои кори хабарнигорӣ ба намояндаи расонаҳои хабарӣ монеа эҷод кунад. Ҳоло созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон гирди ҳам омада, масъалаи мазкурро ҳатман баррасӣ мекунем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |