Бахшҳо

ВИДЕО: Нахустин вокунишҳо ба ҳукми зиндони Зайд Саидов

Ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар бораи 26 сол зиндонӣ кардани Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноат, бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ омад.

Барзу Абдурразоқов, ҳунарманди машҳури тоҷик, ки дар назди СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ мунтазири ҳукми додгоҳ алайҳи Зайд Саидов нишаста буд, гуфт, ҳоло дар як ҳолати шок қарор дорад ва намедонад, чӣ бигӯяд.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва яке аз ҳуқуқшиносони варзидаи Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳукми Додгоҳи олӣ нисбат ба Зайд Саидов мустақилияти мақомоти судӣ дар кишварро зери суол бурд. Раиси ҲСДТ пас аз эълони ҳукми додгоҳ алайҳи Зайд Саидов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “аз ин қарори Додгоҳи олӣ фаҳмида мешавад, ки ин ниҳод мустақил нест ва дастури болоро иҷро кардааст”. Ба гуфтаи Зоиров, ин ҳукми 26 соли зиндон ва ҳабси амволи Зайд Саидов дар ҳолест, ки тамоми моддаҳои алайҳи ӯ эълоншуда дар мурофиаҳои додгоҳӣ тасдиқи худро наёфтанд.

Зоиров афзуд, “Додгоҳи олии Тоҷикистон нишон дод, ки дар баробари Оҷонси зидди фасоди кишвар, ки бо дастури боло ин парвандаро мебурд, барои ҷорӣ намудани адолати судӣ қурб надошта, ҳатто ҷуръат низ накардааст.”

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, 26 соли зиндонро барои Зайд Саидов, дар ҳоле, ки қазияаш суолҳои зиёде дорад, ҳукми ғайриинтизор, сангин ва баробари ҳукми қатл хонд. Ӯ таъкид намуд, ки сарфи назар аз ноадолатиҳо дар низоми додгоҳии Тоҷикистон руҳафтода шудан лозим нест ва бояд то охир мубориза бурд ва дар ниҳоят ба Кумитаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кард.



Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳукми додгоҳ нисбат ба Зайд Саидовро “золимона ва дур аз инсоф” донист. Вай гуфт, “аслан имрӯз ба ҳама маълум шуд, ки дар Тоҷикистон дигар адолат боқӣ намондааст ва судҳо фармоиш иҷро мекунанд. Танҳо бо фармоиши як нафар фарзандони асили кишварро ҳадафи манфиатҳои худ қарор дода, равонаи зиндон мекунанд.”
Мӯҳр
Ҳамин адолати судии Сайфулло Сафаров рупори давлати" мардумпарвар" ваъда карда ҳамин аст. Акнун чи мегуфта бошад ин фаёласуфи ошкорбаёни пуштубони ҳукуматӣ . Бояд неруҳои пешқадам ва адолатхоҳии кишвар сари хулосае биёянд. Дигар фикри қудрат нест, балки андешаи бақои озоду дахлнопазир монданро фикр кунед. То ба кай хомушӣ аз беадолатӣ ва беногмусӣ!

Дустори хак
Касам мехурам вакте 26 солро аз тарики расонахо шунидам ашки гам цори шуд, э Зайд ман шуморо надидаам ва на вохурдаам хар чизе,ки шунидам ё шинохтам аз расонахост!!! Эй бародари Зайд зиндон ба шумо имтихон аст. Аллохро фаромуш накун Аллох бо шумост!!ва эй бародароне,ки аз ин хукм огохед биандешед хукми судиро....!

Говсуд кардан бародар Зайдро. Боке нест мерасад рузе, ки ба ин рафтори худ чавоб хоханд дод.

Яъкуб.
Чихеле чаноби Барзу гуфтан дар холати шокам, Худо шохид ман хам дар шок афтодаам.Розиям чонро фидои ин марди шариф кунам.Чихе, ки бародар Хуршед гуфт фикри озодиву адолатро карду ба хиебонхо рехт....Наход мо мардум то ин дарача бенангу беномус шуда бошем.....

ашк
Дар ин хокбум дигар адолат нест. Бародари хамватан Зайд , навмед набошед,хазорхо хамватанон аз шумо пуштбони доранд. Казияи шумо казияи номуси миллат аст.

Восеъ
Хестед,ки хобед ин давлат ба ном точкист дар асл хукмрон гайриточиконанд!

Ба акаи Зайд гуфтаниям,ки бисёр одами бефахм ва хом будаи.Охир надиди ки дар гузашата чи гуна Седойю Ёкубу ... Бо чанд каси дигара бо фиребу хила ё зиндон кардан ё куштан

Хайрхох
Ба фарзандон,хешу табор,дустону хаводорони бародари гироми хитоб мекунам.Ба додгохи олитарини адолатпарвар мурочиат кунед.Итминони комил дорам,ки пушаймон нахохед шуд.Тарзи дурусти мурочиат:бадани пок,либоси пок,ихлос ва дасти ниёз.Рузхои кабул бе махдуд(яъне шабу руз).Бехтарин соатхои кабул:Аз 12–и шаб то субх.Хизматрасони ройгон аст.Сурога ва маълумоти бештарро аз мутахассисони хамин соха (донишмандони Исломи) дастрас карда метавонед.Шитобед то дер намонед.

равшан
Кани зиеиени миллат як назару фикри худро нисбати ин казия гуед. Бифахмем,ки равшанфикр е торикниходед. Хомушии шумо далели тарсуист. Аз Худо тарсед.

Наход барои хамин мард ягонкас чуръати гирдихамои кардан надоштабошад?

Боло
Дастур аз болост. Ба боло маъкул нашудааст, ки боз кадом як бизнесмен хизби Точикистони НАВ ташкил мекунад. Об аз боло лой аст.

Усто
Барои он говсудаш карданд,ки дар интихоботи соли 2020 конкуренти рустами эмомали буд!

шаъмигул
ҳаргоҳ ки шумо аз пеши роҳи дарози пойтахт мегузаред ё хоб равед ё мадҳуш мегардед чунки ин сохтмонҳо ва биноҳои ки З.Саидов сохтааст шуморо ба хотироти нохуш бар мегардонад ва агар дил доштабошед санг не албатта шуморо вичдонатон азоб медиҳад ва чашмонатон кур мегардад Судияҳо Муфаттишон ва ҳукуматдорон ки Имруз дастишумо дароз аст.

Мерасад рузе, ки занчири гуломон бишканад,
Дидаам аз равзаи девори зиндони шумо.

8884
Офарин Ойнихол беадолатихои давлатро ба мардум дуруст нишон додаистодаи....................

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)