“Ҳамаи онҳоеро, ки ба шайхҳо расондаанд, ғуломанд”

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, 25 декабр барои мубориза бо меҳнати ғуломворона ба Кодекси ҷиноии кишвар тағйиру иловаҳо ворид кард.
Абдуманнон Холиқов, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ гуфт, дар баъзе мавридҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро маҷбурӣ кор мефармоянд, ки ин ғуломӣ ном дорад. Дар ин робита Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, баромад карда, таъкид намуд, то ҳол чандин ҷавонҳо, чӣ духтару чӣ писар ба хориҷа фурӯхта шудаанд.
Оқои Шабдолов аз муовини вазири адлия дар мавриди муҷозоти дастандаркорон пурсид. Холиқов дар посух таъкид намуд, тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ барои мубориза бо ин омилҳои манфӣ мусоидат хоҳанд кард, вале дар мавриди мисолҳои мушаххаси одамфурӯшию муҷозоти дастанадаркорон гуфт, омори дақиқ дар даст надорад.
Дар ин миён Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ба баҳс ворид шуда, дар хитоб ба вакилон гуфт, имрӯз гап сари одамфурӯшӣ не, балки ғуломӣ меравад. Аммо Шодӣ Шабдолов дар мавқеяш истода, гуфт, онҳое, ки фурӯхта шудаанд, ҳамаашон ғуломанд: “Онҳоеро, ки шиносномаҳояшонро гирифтаанду ба ҳар роҳ ба шайхҳо расондаанд, ҳамаашон ғуломанд. Ҳамаи мо ҷузъи ин ҷомеаем ва фарзанду набера дорем. Касе аз ин хатар эмин нест.”
Шабдолов дар идома афзуд, барои лағви ғуломию фаҳшу фасод пеш аз ҳама зарур аст, дар Тоҷикистон фақирию камбизоатӣ аз байн бурда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |