Иброҳимов: Фарзандони 7 мансабдорро ба аскарӣ фиристодем
Раҷаббой Каримов, раиси шаҳри Хуҷанд, зимни ҷаласаи ҷамъбастии комиссияи даъвати тирамоҳии наваскарон, барои иҷрои пеш аз муҳлати нақша ба фаъолони маърака туҳфаю ҷоизаҳо додааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, зимни ҷаласа нахуст муовини аввали раиси шаҳр, Иброҳим Иброҳимов гузориш дода, таъкид намудааст, ки байни даъватшудагон 54 нафар маълумоти олӣ дошта, 7 нафари онҳо аз оилаи шахсони мансабдори давлатӣ мебошанд.
Ба иттилои манбаъ раиси Хуҷанд ба аъзоёни комиссия, кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ, раисони маҳалла изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки барои бартараф намудани камбудихое, ки имсол ба чашм расиданд, бояд то оғози даъвати баҳорона бартараф карда шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |