Бахшҳо
25 дек 2013 09:23Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Убайдуллоев дастандаркорони тақсими ғайриқонунии хонаҳоро “ҷазо” дод

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ аз истифодаи ғайриқонунии моликияти коммуналӣ, аз ҷумла хонаҳо, изҳори нигаронӣ кардааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, Убайдуллоев таъкид намудааст, истифодаи ғайриқонунии хонаҳои коммуналӣ, яъне бе бастани шартномаи дахлдор, бо мусоидати масъулини ноҳияҳо сурат гирифта, ба давлат зарари молӣ меорад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи шаҳрдорӣ мисол оварда шуд, ки сардори Корхонаи воҳиди “Манзилхизматрасон”-и №4, Ҳ.Қаюмов аз ҳадди ваколатҳои хизматияш баромада, бо ин роҳ 5 ҳуҷра (квартира)-и моликияти коммуналиро бе қарори Раиси шаҳри Душанбе ва бе бастани шартномаи иҷора бо Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон ба муҳлати то 1 сол додааст ва барои чунин худкориҳо мавсуф аз вазифа озод карда шуд.

Дар ин робита, Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбат ба иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Душанбе Ҷ.Одинаев танбеҳ эълон карда, ӯро вазифадор намудааст, ки назорати истифодаи амволи коммуналиро беҳтар ба роҳ монад ва нисбат ба хилофкорон чораҳои пешбининамудаи қонунгузориро татбиқ намояд..
Мӯҳр
Мухочир
Салом ба хамаи хонандагон ва масъулони Сомона. Барои Хукуматдорони мо бадтарин чазо нисбат ба чиновникони хукумати ин аз вазифа озод кардани у будааст. Ачиб аст, ки хатто милёнхо долларро хурда бошад ё фарзандонашон 3-4 нафарро зада кушта бошанд танхо бо чаримаи маблаги ду раками иктифо мекунанду халос , аммо худо накунад, ки у як шахси сохибкоре мисли Зайд Саидов бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)