Бахшҳо

Сайфулло Сафаров дар бораи қазияи Зайд Саидов: “Ҳеч чиз пинҳон намемонад”

Ҳумайрои БАХТИЁР

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар робита ба қазияи Зайд Саидов – соҳибкор ва вазири пешини саноат, ки дар боздошт қарор дорад, изҳори назар кард. Оқои Сафаров гуфт, бовар дорад, додгоҳ, ки ҳоло дар хонаи машваратист, ҳукми одилонаи худро хоҳад баровард.

Сафаров: “Ба назари ман, парвандаи Зайд Саидов бояд аз рӯи адолати додгоҳӣ анҷом ёбад. Аз раванди мурофиаи додгоҳӣ ва аз маводи додгоҳ чандон хабар надорам. Аммо, фикр мекунам, ин қазия бояд дар доираи қонун ва адолати додгоҳӣ ҳалли худро пайдо кунад. Яъне, агар гуноҳҳое нестанд, бояд гуфта нашавад ва он гуноҳҳое, ки ҳастанд, бояд исботи худро биёбанд.”

Озодагон: Ахиран чанде аз чеҳраҳои саршинос, ба мисли Мӯъмин Қаноат ва Гулрухсори Сафӣ, бо ирсоли нома аз раисиҷумҳур дархости дахолат ба қазияи Зайд Саидовро карданд. Оё раисиҷумҳур ҳақ ё имкони дахолат ба раванди додгоҳро дорад?

Сафаров: “Фикр мекунам, ҳокимияти додгоҳӣ ҷудо аст ва барои баровардани хулоса бояд касе ба кори додгоҳ дахолат накунад. Агар шахси судшаванда дар назди миллат ва давлат хидмате дошта бошад, он бояд аз нуқтаи назари сиёсӣ ба ҳисоб гирифта шавад. Дар ин сурат, раисиҷумҳур бояд ба парлумон пешниҳод ва парлумон онро тасдиқ кунад. Ин гуна масоилро се шохаи ҳукумат бояд ҳал кунанд. Дар он сурат метавонанд, нисбат ба он шахс сабукиҳо диҳанд.”

Озодагон: Коршиносон мегӯянд, зиндонӣ шудани Зайд Саидов эътимоди мардумро нисбат ба ҳукумат ва мақомоти додгоҳиву интизомӣ аз байн бурд. Дар асл, Шумо чӣ фикр доред?

Сафаров: “Ин ҳама гап асос надорад. Дар додгоҳ адолат вуҷуд дошт ё на, ба зудӣ барои ҳама ошкор мешавад. Ҳамаи он далелҳое, ки дар рафти додгоҳ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, асос доштанд ё на, ба зудӣ дар расонаҳо мунташир хоҳад шуд. Шукр, ки дар Тоҷикистон гуногунандешӣ ва демократия ҳаст. Минбарҳои зиёд барои ифшо кардани чунин маълумот вуҷуд дорад. Ҳамаи ин кор ҳатман ба мардум расонда мешавад. Ҳеч чиз дар ин кишвар пинҳон намемонад. Бинобар ин агар ҷурмҳои пешниҳодшуда исботи худро ёбанд, ё наёбанд, мардум худ қазоват мекунад. Ҳоло дигар тадқиқот аз рафти баррасии парвандаҳо гузаронида мешавад. Ин кор ҳам шояд дар оянда тадқиқоти хабарнигориро талаб кунад. Барои мисол, рад шудани хабари падар будани Зайд Саидов аз тарафи поликлиникаи Био-Папа. Ин хабар дар расонаҳои мо ба зудӣ паҳн шуд. Ҳамин хел, агар ҷурмҳо ғайривоқеӣ бошанд, ҳар коре додгоҳ мекунад, пинҳон нахоҳанд монд.”

Озодагон:
Худи Шумо ба низоми додгоҳии Тоҷикистон чӣ баҳо медиҳед? Бисёриҳо мегӯянд, додгоҳҳои мо ба ном мустақил, вале дар асл тобеи ҳукуматанд. Шумо чӣ мегӯед?

Сафаров: “Мушкилоти додгоҳи мо зиёд аст. Лекин камбудҳо баъзан аз духӯрагии қонун ба вуҷуд меояд. Дар баъзе маврид далелҳои хуб истифода намешавад. Ман гуфта наметавонам, ки низоми додгоҳии мо камбудҳо надорад. Ин камбудҳо бояд дар раванди такмили умумии низоми сиёсӣ аз байн бурда шаванд.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Сохибназар
Бехтарин изхори назар. Офарин Сайфулло Сафаров! Хамин хулосаи Огои Сайфулло Сафаров худ бехтарин ишора ба чурмхои сохтаи тафтишот аст: "Ҳоло дигар тадқиқот аз рафти баррасии парвандаҳо гузаронида мешавад. Ин кор ҳам шояд дар оянда тадқиқоти хабарнигориро талаб кунад. Барои мисол, рад шудани хабари падар будани Зайд Саидов аз тарафи поликлиникаи Био-Папа. Ин хабар дар расонаҳои мо ба зудӣ паҳн шуд. Ҳамин хел, агар ҷурмҳо ғайривоқеӣ бошанд, ҳар коре додгоҳ мекунад, пинҳон нахоҳанд монд.”"

мухамад тараки
ман озодии огои зайдро мехохам

Ман хам озодии Зайдро мехохам.

Сайфулло гуфт, акнун нафаре даркор, ки гуфтахои уро шарх дихад.Тавба курсии мансаб чи гуна инсонхоро пардагуй мекунад. Албатта нафари огох мефахмад, ки окои Сайфулло чи гуфт, аммо дар ин маврид шорехе зарур аст.

Шифо
ОЗодии Зайдро МЕХОХЕМММ!!!

Дар додгох агар адолат ба дару тиреза сар зада бошад хам, аммо окибат З.Саидов махкум мегардад. Албатта ман инро хохон нестам. Худо кунад, ки хангоми бегунохиаш сафед ва дар дигар холатхо бахшида ё шартан дар озоди бошад. Эхтмолияти бахшиш шудани у низ зиёд аст.
З.Саидов вокеан марди донишманду боандеша ва фархангию халим аст. Мачмуи ин хислатхои некро аз чехраи у ба хуби хондану аз сухбати у пай бурдан ба осони мумкин аст. Уро аз руи таърихномаи рузгораш маълум, ки пуртачриба ва аз сардихою гармихо озмудааст.
Ба тамоми бовари метавон гуфт, ки аз чунин ашхос амалхое чу одамкушию рохзани ва авбошию дигар кабил чиноятхои мудхиш, ки аз хашм вобастаанд, харгиз рух намедиханд. Аммо тафтишот уро имруз барои он чиноятхое айбдор кардааст, ки дар соири онхо нафс амал мекунад. Дар мавриди З.Шерович чизе гуфтан барвакт аст, аммо ва афсус, ки назарияхои криминалоги (боби шахсияти чинояткор) аксаран чавлонгохи нафсро дар амали чехрахои олии илмию фарханги дарёфт намудаанд. Худованд хамаи равшанфикронро аз зулми хашму нафс нигох дорад!

мухамад тараки
ман инро гуфтаниям ки мо точикон аз кадом минтакае набошем бояд огои зайдро дастгири кунем ки ин мард метавонат дар оянда раисчумхур шавад ва дасгири точиконро хечгох аз хотир намебарорад мо точикон имруз барои у коре кард ва фардо у барои мо

Muso
мухамад тараки,

In sha Alloh Emomali Rahmon ozodash mekuna , agar dushmansham bosha obrui khudash ziyod mesha lekin Zaid hejvakt dushman nabud khudaton medonet , Khudovan dar dilhoi shumo rahm ato kunad , shumodam foida dora hukumatdoron.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)