Соли 2013 дар баробари садҳо хабару ҳодисаву воқеа бо ҳарфҳои мондагор низ дар хотирҳо нақш хоҳад баст. Ҳоло чанде аз ин суханҳоро гирд меоварем ва умедворем Шумо низ дар комил шудани ин матлаб ба мо кумак хоҳед кард.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонҳои Тоҷикистон ва аз рӯҳониёни маъруф, ҳангоми суханронӣ дар Анҷумани даҳуми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар моҳи сентябр гуфт, “ҳар касе беш аз 10 сол роҳбарӣ кард, фосид мешавад. Ҳатто обе, ки ҳар рӯз кор дорем, агар зиёд истад, фосид мешавад”.
Мӯъмин Қаноат, шоири маъруфи тоҷик, моҳи ноябр дар сӯҳбаташ бо "ИмрӯзNews" аз тарбияи инсонҳои нав дар кишвар интиқод намуда, таъкид дошт: "Сохторҳоро шикастанду навашро сохта натавонистанд. Иморатро сохтем. Дар даруни иморат инсон муҳим аст. Вагарна чӣ даркоранд иморатҳо? Қолабҳои беруҳу равон…Охир гӯри худатон мешавад ҳамон чизҳои сохтаатон. Пеш аз ҳама инсонро сохтан даркор, баъди он иморатро мувофиқи ҳамон.”
Зулола Раҳимова, зане, ки Асадулло Иброҳимов, як рӯҳонии тоҷикро бо номи “муллои ҷодугар” маъруф кард, дар Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт (моҳи октябр) дар посух ба суоли “Шумо дар сабти навор дар вақти дуохонӣ ва ба оғӯш гирифтани домулло ягон ҳаракатҳои зӯроварӣ дидед ва чаро напурсидед, ки чунин мекунад?” посух додааст: “Гумон кардам, дуохонӣ ва баровардани тарс ҳамин хел будааст”.
Исмоил Талбаков, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили парлумон, моҳи октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт: “Агар президент шавам намегузорам, ки маро “Ҷаноби Олӣ” гӯянд. “Рафиқ Талбаков” ё “Рафиқ президент” садо кунанд. Ҳар вақт вожаи “Ҷаноби олӣ” гуфтӣ, алакай як лаганбардорӣ эҳсос мешавад.”
Олим Бобоев, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии кишвар, дар суҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Би-би-сӣ гуфта буд, “имрӯз ҳадафи мо президент шудан нест, ҳадаф демократияро ба роҳ мондан аст”.
Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”. Моҳи декабр дар идомаи ибрози сухани охиринаш дар додгоҳ, ки 2,5 соат тул кашид, ҳамаи иттиҳомотро алайҳи худ тӯҳмат номида, гуфтааст: "Агар ҳабси ман барои ин миллат ва давлат ягон фоидае дошта бошад, бигзор ҳабс кунанд. Ягон бор ба давлату миллат хиёнат накардаам ва омодаам, барои ин миллат ҷони худро фидо кунам".
Усмон Солеҳ, масъули бахши тарғибот ва таҳлили Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, моҳи сентябр дар мавриди ҷамъоварии 210 000 имзо ба тарафдории номзадашон гуфт: “Бо назардошти он, ки имконоти мо фаровон аст ва дар ҳамаи минтақаҳо сохторҳои ҳизбӣ фаъоланд, мо ҳатто метавонем на танҳо дар ду рӯз, балки дар ду соат имзоҳоро барои пешбарии номзад ҷамъоварӣ кунем”.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, моҳи апрел ҳангоми суханронӣ дар маросими 40-солагии ҲНИТ, гуфт, “ин давлат манзили шахсии касе нест, ки ҳар вақте хоҳад, меҳмон даъват кунад ва боз гусел кунаду калидро дар кисааш занад. Барои ин давлат 8 миллион аҳолӣ даъво дорад, ин хонаи ҳамаи мост”.
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили парлумон, моҳи апрел дар нишасти Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо” гуфт: “Шоҳидӣ медиҳам, моро наҳзати исломӣ сарнагун накард. Моро ягон демократ сарнагун накард. Моро худи Комитети марказӣ сарнагун кард. Моро Горбачеву Елтсин сарнагун кард...”
Ойниҳол Бобоназарова ҳангоми интихобаш ба ҳайси номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, дар моҳи сентябр гуфт: “Ман то ба имрӯз хилофи қонунҳои маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ садо баланд кардаам. Барои дифоъ аз ҳуқуқи мазҳабӣ он Шӯрои уламо не, ҳамин сарлуч садо баланд кард”.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддон, профессор, дар як суҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” ба масъалаи боздошти Зайд Саидов дахл карда, гуфт: “Ба фикри ман, раисиҷумҳур ба хотири паси панҷара шудани Зайд Саидов аз 300 то 500 ҳазор интихобкунандаи худро аз даст додааст. Ба хотири дубора баргардондани электорати худ, бояд Зайд Саидовро озод намуда, аз ӯ шахсан узр пурсад”.
Акнун, хонандаи азиз, давоми ин матлабро дар ихтиёри Шумо мегузорем ва мехоҳем бо кумакатон онро комилтар созем. Назару пешниҳодҳои худро метавонед дар пайи ин матлаб ва ё тариқи ozodagonweb@gmail.com ба мо фиристед.