Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба императори Ҷопон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як паём ба Императори Ҷопон Акихито, ӯро ба муносибати Иди миллии кишвараш табрик гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст, “аз номи ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шумо, Аълоҳазрат, табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ба муносибати фаро расидани Иди миллии кишваратон тақдим медорам.”
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки муносибатҳои дуҷонибаи судманд байни Тоҷикистону Ҷопон босуръат рушд хоҳанд кард: “Мутмаин ҳастам, ки саъю талоши муштарак барои расидан ба ин ҳадафҳо самараи нек ба бор хоҳад овард.”
Дар охири раисиҷумҳури Тоҷикистон ба императори Ҷопон умри дароз, сиҳҳатии комил, хушрӯзӣ ва ба мардуми Ҷопон пирӯзӣ ва саодат хостааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |