Як сокини шаҳри Душанбе бо ҷурми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ боздошт гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, аснои амалиёти кормандони мақомоти интизомӣ дар назди бинои-4, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, шаҳрванд Диловар Паймораеви 32- сола дастгир карда шуд. Гуфтанист, ӯ истиқоматкунандаи кӯчаи Айнӣ буда, дар ягон ҷо кор намекунанд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили қуттии кардонӣ 1 адад таппончаи тамғаи ПМ таҳти рақами ХТ-5696 -1986 с/б ва 1 адад тирдон бо 8 дона тир (коршоям), дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, Диловар Паймораев доғи судӣ дошта, қаблан бо моддаи 112-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст. Айни ҳол нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр