Калашников рафт, "Калашников"-аш монд
Михаил Калашников, ихтирокори маъруфи асри 20-и Русия, 23 декабр дар 95-солагияш дар беморхонаи ҷумҳурии Удмуртия аз олам даргузаштааст.
Бар асоси иттилои ҳукумати Удмуртия, сабабҳои дақиқи даргузашти Калашников баъд аз ташхиси ҷасад эълон хоҳад шуд. Ин манбаъ таъкид намудааст, хароҷоти дафни ихтирокори маъруфро ҳукумати Удмуртия ба уҳда гирифтааст. Калашников 17 ноябр бо бемории хуншории меъда дар бемористони Удмуртия бистарӣ шуда буд.
Номи ӯ баъд аз ихтирои автомате маъруф шуд, ки "Калашников" номгузорӣ шуда, соли 1947 ҳамчун силоҳи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардидааст. Автомати Калашников аз ҷумлаи ихтирооти нодири асри 20 ба шумор рафта, айни ҳол дар ҳудуди 100 кишвар мавриди истифода қарор дорад. Гуфта мешавад, то ҳол дар ҷаҳон зиёда аз 70 миллион автомати Калашников истеҳсол шудааст.
Михаил Калашников дар баробари автомат, дар ихтирооти милтиқҳои шикорию пулемётҳо низ саҳм гузоштааст. Ӯ ду бор қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва соли 2009 қаҳрамони Федератсияи Русия эълон гардид. Михаил Тимофеевич Калашников 10 ноябри соли 1919 дар хонаи як деҳқони серфарзанди Алтай таваллуд шудааст. Ӯ охирҳои умраш бо вуҷуди беморӣ ба ҳайси ихтирокор дар “Ижмаш” кор кардааст, ки моҳи августи соли равон ба Консерни Калашников табдил ёфт. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |