Хулосаи додгоҳ: “Ҳамзаро накуштаанд, ӯ худашро овехтааст”
Масъулони додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт хулосаи худ дар бораи радди даъвои волидони Ҳамза Икромзода, ки тақозои рӯёндани 10 миллион доллар аз Вазорати адлияро карда буданд, пешниҳод намудааст. Дар ин хулосаи додгоҳ гуфта шудааст, Икромзода на дар пайи шиканҷа, балки худовезӣ фавтидааст ва бинобар ин, даъвои волидонаш асос надорад.
Ҳамза Икромзода тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз даргузашт. Наздиконаш бовар доранд, ки маъмурони зиндон ӯро куштаанд, аммо масъулони Вазорати адлия мегӯянд, Икромзода худкушӣ кардааст.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, хулосаи ниҳоии додгоҳи Исмоили Сомониро баъд аз зӯҳри 23 декабр дастрас кардааст. Вай афзуд, аз ин хулосаи додгоҳ розӣ нестанд ва ҳоло барои дақиқ кардани марги Ҳамза Икромода коршиносони хориҷиро ҷалб хоҳанд кард.
“Мо ҳоло хулосаи ташхисро ҳам гирифтаем ва мехоҳем, коршиносони хориҷӣ аз рӯи аксҳову видео сабаби марги Ҳамза Икромзодаро мушаххас кунанд. Мо ин корро ба коршиносони дохилӣ бовар намекунем”,-афзуд ӯ.
Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи ноҳияи Ҳисор, ки ба ҷурми авбошӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, соли гузашта дар маҳбаси рақами яки Душанбе даргузашт. Пайвандони ӯ гуфтанд, ҳангоми шустани ҷасади Икромзода дар бадани ӯ изи дарзмол ва бандро пайдо кардаанд. Иддаое, ки мақомот борҳо онро рад кардаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |