Қодирӣ санги асоси баландтарин пояи парчам дар Суғдро гузошт

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси тозатаъини вилояти Суғд, рӯзи 23 декабр санги асоси сутуни 55-метрии парчами Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷандро гузошт, ки баландтарин дар шимоли кишвар хоҳад буд. Тавре дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, макони ин парчам воқеъ дар назди ҳукумати вилояти Суғд буда, лоиҳаи онро ширкати «Суғдшаҳрофар» омода намудааст.
Раиси вилоят изҳор доштааст, дар оянда дар ин минтақа боғи Парчами миллии Тоҷикистон ва дар шафати он Боғи устод Рӯдакӣ бунёд карда мешавад. Абдураҳмон Қодирӣ таъкид кардааст, ин мавзеъ ба макони зебои истироҳатии шаҳрвандон табдил дода хоҳад шуд: “Он чун рамзи соҳибистиқлолии кишвар ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бунёд карда мешавад”.
Ин дар ҳолест, ки дар маркази Душанбе сутуни 165-метрии парчами миллӣ бунёд ёфта, моҳи августи соли 2011 ба китоби рекордҳои Гиннес низ шомил шуда буд. Ин сутуни парчами миллӣ дар канори Кохи Миллат бунёд шудааст.
Оғози сохтмони пояи сутуни парчами Тоҷикистон ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2010 сар шуда, онро кормандони ширкатҳои ватании “Алюминбинокор” ва амрикоии "Trident Support" сохтанд. Сутуни мазкур аслан аз оҳан сохта шуд, ранги сафед дорад, ки ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз аз масофаи дур дида мешавад. Дарозии матои ин парчам 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |