18% мухолиф ва 82% тарафдори ҷашни Соли нави мелодӣ
Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” аз 12 то 21 декабр миёни сокинони Тоҷикистон назарпурсӣ анҷом дода, муайян кардааст, ки 18 дарсади сокинон Соли Нави мелодиро таҷлил намекунанд.
Бар асоси ин назарпурсӣ, 82 дарсади пурсидашудагон, чӣ дар шаҳр ва чӣ дар деҳот, гуфтаанд, ки Соли Навро таҷлил хоҳанд кард. Зимни ин назарпурсӣ, ки миёни 1 ҳазору 25 нафар гузаронда шудааст, муайян гардидааст, ки аксари тоҷикистониён сарфи назар аз синну сол ва ҷои зист Соли Навро таҷлил мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки беш аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави Исломанд ва ҳар сол масъалаи таҷлил шудан ва ё нашудани ҷашни Соли нави милодӣ дар ҷомеаи кишвар матраҳ мегардад. Рӯҳониён Соли навро ҷашни мазҳабӣ дониста, таҷлили онро ба унвони ҷашни милоди Масеҳ ғайри қобили қабул шуморидаанд. Вале мақомот борҳо гуфтаанд, ин ҷашн барои сокинони Тоҷикистон аз даврони Шӯравӣ ба “мерос” монда, на ҷашни мазҳабӣ, балки “тағйири тақвим” аст.
Бо ин ҳол, Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон бо гузоштани арча ва баргузории маҳфилу нишастҳо таҷлил мешавад. Аммо имсол Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар барномаи аслии шаби Соли нав дар телевизиони Тоҷикистон Бобои барфӣ ва Барфак – қаҳрамонҳои асосии Соли нав намоиш дода нахоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |