Бахшҳо

Иброҳим Усмонов дар бораи тартиб додани номи қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ

Ҳумайрои БАХТИЁР

Профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, ҳанӯз фурсат ҳаст, ки мақомоти Тоҷикистон рӯйхати қурбониёни даргирии солҳои 90-уми қарни гузаштаро тартиб бидиҳанд. Ин нуктаро оқои Усмонов рӯзи шанбеи 21 декабр дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, дар ҳузури намояндагони мухолифин, коршиносон ва ҳукумати Тоҷикистон, баён дошт.

Усмонов: “Аслан гап сари ин аст, ки мо дақиқ намедонем, дар он солҳо чӣ қадар одам кушта шуд. Барои ҳамин, рақамҳои гуногунро истифода мекунем. Ба касе кадом шумора лозим ҳаст, аз ҳамон истифода мекунад. Албатта рақамҳои расмии ҳукумат ҳам ҳаст. Лекин он ҳанӯз такмил наёфта, омӯхта нашудааст. Барои мисол, китоберо дар бораи журналистони кушташударо хондам. Ба хулосае омадам, ки дар байни онҳо бисёр хабарнигороне ҳастанд, ки кушта нашудаанд. Онҳо ҳамон сол вафот карданд. Пас дар миёни одамҳое, ки мо мегӯем дар ҷанги шаҳрвандӣ қурбон шуданд, ҳастанд нафароне, ки синну солашон ба ҷойе расида буд ва ё касал шуда вафот карданд. Агар мо рӯйхати як ба яки ширкатдорони ҷангро созем, аввал ин ки ҳақиқати воқеаи гузаштаро мефаҳмем. Аз тарафи дигар, бо ёфтану навиштани ин номҳо, хотираи онҳоеро, ки дар ҷанг кушта шуданд, азиз медорем. Фарқаш нест, ки он афрод аз тарафи кӣ буданд ва ба кадом нерӯи сиёсӣ такя мекарданд. Мо бо ин кор номи онҳоеро, ки дар ҷанг кушта шуданд нигоҳ медорем. Дар пойтахти Амрико ёдгории таърихӣ ҳаст. Онҷо номи даҳҳо ҳазор амрикоие, ки дар ҷанги Вйетнам кушта шуд, навишта шудааст. Ҳар касе мехоҳад, номи ақрабои худро пайдо кунад, аз китоб мебинад, ки дар кадом сутуни майдон навишта шудааст. Шояд хоҳиши сохтани чунин як ёдгорӣ дар оянда барои мардуми мо низ пайдо шавад. Шояд дар ин ёдгорӣ номҳое навишта шавад, ки барои ин сулҳи мо ҷони худро аз даст доданд. Барои ҳамин, мехоҳам, ин кор анҷом дода шавад. Шояд ҳукумат иқдом бигирад, шояд шахсиятҳои алоҳида. Шояд онҳое иқдом бигиранд, ки имконияти молии ҷамъ кардан ва фароҳам сохтани чунин як ёдгориро доранд. Алҳол, ки фарзандон ва падару модарон зинда ҳастанд, ин корро кардан лозим аст.”

Озодагон: Ба назари Шумо, чаро то имрӯз чунин як феҳрист тартиб дода нашудааст?

Усмонов: “Шояд яке аз сабабҳои асосиаш он аст, ки аслан ҷанг ҳам нав ба охир расид, 10-15 сол шуд. Ҳукумат барои ин фурсат пайдо накард. Ташкилоти дигар ҳастанд, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, аммо шояд ин корро барои худ мувофиқ надонистанд. Ҳаваси инҳо ба чизи дигар бисёртар буд. Вале ман умед дорам, нерӯе пайдо мешавад, ки ин корро анҷом хоҳад дод.”

Озодагон: Фикр мекунед, ҳукумат ин иқдомро дастгирӣ хоҳад кард?

Усмонов: “Ҳукумат мекунад. Чун ҳукумат ҳам ҳавасманд ҳаст, ки бигӯяд дар ин ҷанг чӣ шуд?”

Озодагон: Баъзе коршиносон ишора ба он мекунад, ки гӯиё ҳукумат арқоми қурбониёнро кам ва мухолифин, баръакс, бештар нишон медиҳанд. Шумо чӣ мегӯед?

Усмонов: “Ҳукумат ҳам инро кам нагуфтааст. Дар як гузориши расмӣ ман шунида будам, ки миқдори бештар аз 100 ҳазор нафарро гуфтанд. Яъне, ҳукумат ҳам кам накардааст. Ҳукумат он ҳақиқатеро мегӯяд, ки медонад. Мухолифин ҳам ҳамон ҳақиқатеро мегӯянд, ки медонанд. Ин ҳақиқатҳо хаттӣ нест ва он бояд хаттӣ шавад.”


Дар акс: Иброҳим Усмонов
Мӯҳр
Бисер фикри оличаноб аст Усмонов дар хакикат мухим нест ки дар кадом тараф буд, мухим он аст ки инхо хамиллатони мо буданд.Дуввум ин ки як едгорие дар маркази шахр бояд бунед кард ки дар оянда ба насли наврас дарси ибрат шавад.Бояд як конкурс эълон карда чигуна пайкара мешавад умумимилли ба як хулоса биеем.Агар ин тур нашавад хама фаромуш шуданаш мумкин.Чи тавре ки мегуянд агар миллате таърихи худро фаромуш кунад таърих ягон руз онро хотррасон мекунад.Боки саломат бошед устод.

вппв
Хуб мешавад агар муайян карда шавад ки чанд нафар аз тарафи хукуматихо ва чанд нафар аз тарафи оппозиция кушта шудаанд.

Рахим
ва чикадар мордуми осоиштаро "очистка" карданд.намояндахои фронти халки

Маъуф
Барои чи бо курбоинёни амрикоии чанги Ветнам киёс мешавад ? Чанги мо тамоман дигар чи куромиш,

рози
хукумат ин корро намекунад зеро то хол зери таъсири нафарони сангаку файзали аст.

Точик
Аз 100 хазор нафар курбони шояд 90 хазораш мардуми бечораи каротегини буд.

Э Р
Усмонов; Аз бекори каду кори хаминхел не Усмонов

Уфа
Хамзамон руйхати курбониёнеро, ки хамаруза тобуташон аз Русия меояд, тартиб диханд. Мухочирон кахрамонони асили ин миллатанд.

донишчу
Бисер хуб мешуд агар теъдоди умумии фавт аз соли 1991 то ин чониб номнавис мегардид. Локин ин проекти пешниходкардагит чаноби Усмонов боиси дастгири нест мебахшед. Мухим нест дар баробари чони 20 нафар чавона аз байн бурдан боз бо харфхои заррин номшона нависем. Монед арвохшона наранчонед....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)