Гуфтугӯи раиси нави Суғд бо намояндаи ваколатдори Қирғизистон дар Бодканд

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси нави вилояти Суғд, дар шаҳри Исфара бо Жениш Разоққов, намояндаи ваколатдори ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Бодканд мулоқот кардааст.
Иқбол Тешаев, сухангуи раиси шаҳри Исфара ба “Озодагон” гуфт, дар ин мулоқот ҷонибҳо бештар ба густариши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамзистии осоишта таъкид доштанд. “Бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл намудани ҳама гуна масъалаю мушкилоти ҷойдошта яке аз мавзуъҳои аслии ин суҳбатҳо буд”,-афзуд номбурда.
Боздиди Жениш Разоққов аз шаҳри Исфара дар ҳоле аст, ки 17 декабр дар пайи низоъ миёни сокинони ҷамоати наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, роҳи Ворух-Исфара баста шуд ва танҳо баъд аз гуфтугӯи ҳайати давлатии Қирғизистон бо сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд дар рӯзи 20 декабр он дубора боз шуд.
Иқбол Тешаев мегӯяд, дар суҳбати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд ва намояндаи ваколатдори ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Бодканд ба ин мавзӯъ дахл нашуд, зеро дар ваколати онҳо нест. Ӯ мегӯяд, мавзӯи мазкур, қарор аст фардо, 23 декабр дар шаҳри Бишкек ба баррасӣ гирифта шавад. “Дар пойтахти Қирғизистон вобаста ба ин масъала комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад. Ҷумҳурии моро дар он Муродалӣ Алимардонов намояндагӣ хоҳад кард”.
Таниши марзӣ, ки роҳбандиро дар пай дошт, баъди он ба вуқуъ пайваст, ки дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон як хона ба коми оташ рафт. Баъдан, дар ҳудуди Бодканд низ як чойхонаи шаҳрванди қирғиз оташ гирифт. Сокинони навоҳии наздимарзии ду кишвар дар ин оташсӯзиҳо якдигарро муттаҳам кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |