Бахшҳо

2.705.728 сомонӣ- қарзи андозсупорандагони як ноҳия дар нимсолаи аввал

Қарзи андозсупорандагони ноҳияи Восеъ аз буҷаи давлат дар нимсолаи аввали имсол 2 миллиону 705 ҳазору 728 сомониро ташкил додааст, ки аз ин  1 миллиону 408 ҳазор сомонӣ қарз аз фонди ҳифзи иҷтимоӣ будааст.


Дар ин бора  Эмомалӣ Саидов, иҷрокунандаи вазифаи сардори нозироти андоз хабар дод.  Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд кормандони нозирот дар якҷоягӣ бо масъулини ҳукумати маҳаллӣ ва ҷамоати деҳот дар мавриди баргардонии қарзи андоз корҳои зиёде ба анҷом мерасонанд, вале қарз аз андози давлатӣ ё ба истилоҳ бақияпулӣ мунтазам баланд гаштан дорад. «Дар ин нимсола бақияпулӣ аз андоз боз 268. 976 сомонӣ зиёд гардид. Асосан қарзҳо аз ҳисоби якчанд корхонаву хоҷагиҳои «нописанд» пайдо мешаванд, ки намехоҳанд андози давлатиро пардохт намоянд. Танҳо як хоҷагии ба номи «Шарифҷон» 631.629-сомонӣ боҷу хироҷи давлатиро насупурдааст ва супурдан ҳам намехоҳад. Зӯри касе дар ноҳия ба роҳбари ин хоҷагӣ намерасад. Аммо кормандони нозироти андоз ҷазо мегиранд», мегӯяд Саидо

Манбаъ афзуд, дар ҳудуди ноҳия ин гуна хоҷагиҳо ва ташкилоту корхонаҳои хусусӣ зиёданд, ки барои пардохти маблағи андоз бепарво мебошанд.

Тӯли як муддати кӯтоҳ  маротибаи чаҳорум аст, ки сардори нозироти андози ноҳияро бо ҷурми «иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии андози давлатӣ» аз кор мегиранд, вале ҳамоно нақшаи ҷамъоварӣ бетағир мемонад,-ҷамъбаст кард Саидов.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)