“Варзиш-Спорт” беҳтаринҳои футболи Тоҷикистонро эълон кард
Дэвид Мауто, футболбози ганагӣ, ки нимҳимоятгари клуби “Равшан”-и Кӯлоб аст, дар пайи назарпурсии нашрияи “Варзиш-Спорт” беҳтарин бозигари мусобиқаи футболи Тоҷикистон дар мавсими 2013 эътироф шудааст.
Алишер Туйчиев, дарвозабони тими миллӣ ва клуби “Истиқлол” “Беҳтарин дарвозабони Тоҷикистон дар мавсими 2013” шинохта шудааст. Далер Тухтасунов, бозигари “Равшан” бошад, ҷоизаи “Беҳтарин ҳимоятгар”-ро ба худ ихтисос дод.
Дилшод Восиев, бозигари “Истиқлол” “Беҳтарин ҳамлагар” эътироф гардид. Маъруф Рустамов, сармураббии “Равшан”-ро “Беҳтарин тренери соли 2013” эълон карданд.
Бино ба иттилои Шуҳрат Неъматуллоев, сарвари кулли хабаргузории “Варзиш-Спорт” ғолибон дар пайи овоздиҳии сармураббиён ва бозигарони клубҳои лигаи олии Тоҷикистон интихоб шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |