Устои сартарош ба хотири қатли мизоҷаш 17 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Додгоҳи шаҳри Кулоб Умед Тешаев, устои сартарошро, ки дар куштори як мизоҷи худ, муттаҳам мешавад, ба муҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин сокини шаҳри Кулоб бо мизоҷи худ даст ба гиребон шуда, бо задани 54 корд ба баданаш ӯро ба қатл мерасонад.
Тибқи иттилои пайвандони Тешаев, Додгоҳи шаҳри Кулоб рӯзи 20 декабр ин ҳукмро содир кардааст. Ба гуфтаи онҳо, интизор мерафт, Умед Тешаев ба муддати 25 сол равонаи зиндон шавад, вале ин муҳлат ба хотири ҳозир шудани худи Тешаев ба Шуъбаи корҳои дохилӣ ва дар ҳолати мастӣ қарор доштани ҷабрдида - Абдуррасул Алиеви 50-сола поин бурда шудааст.
Наздикони устои сартарош бар инанд, ки Тешаев ба хотири ҳимоят аз худ даст ба ин амал задааст: “Дар аввал Алиев бо корд ба усто ҳамла мекунад ва Тешаев низ ба хотири муҳофизати худ, кордро ба даст гирифта муқобилият нишон медиҳад, ки ногаҳон ба гулӯи мизоҷаш мезанад.” Онҳо мегӯянд, Тешаев баъд аз буридани гулӯи мизоҷи худ дар ҳолати шок қарор гирифта, боқии ҳодисаро дар ёд надорад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як устои сартарош дар шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар сартарошхонаи худ як нафарро 54 корд зада куштааст. Ин ниҳод гуфта буд, УмедТешаеви 31-сола, ки сокини шаҳри Кӯлоб, санаи 31 августи соли 2013 дар дохили сартарошхонаи худ, бо шаҳрванд Абдуррасул Алиеви 50-сола, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол намуда, бо воситаи корд 54 маротиба ба бадани охирон мезанад. Дар натиҷа Алиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |