Расман беш аз 97 ҳазор зани тоҷик ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, аз аввали соли ҷорӣ ба ин сӯ, ҳудуди 940 ҳазор шаҳрванд ба қасди давлатҳои хориҷ кишварро тарк кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Хадамоти муҳоҷират, дар давоми 11 моҳи охир 779 ҳазору 396 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа сафар намудаанд. Аз ин нишондод, 682 ҳазору 135 нафар мард буда, 97 ҳазору 261 нафари дигарро занҳо ташкил медиҳанд.
Инчунин манбаъ илова менамояд, аз аввали соли ҷорӣ то кунун 68 ҳазору 704 нафар бо корҳои шахсӣ, 56044 нафар бо мақсади тиҷорат, 15774 нафар бо мақсади сайёҳат, 13637 нафар бо корҳои хизматӣ ва 5937 нафар барои таҳсил аз Тоҷикистон берун рафтаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, дар давоми 11 моҳу 15 рӯзи охир 739 165 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд: “ Аз шумора, 604 ҳазору 527 нафарро мардҳо ташкил дода,134 ҳазору 638 нафар занҳо мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |