Иттиҳомоти нав алайҳи домоди президент

Додситони кулли Қазоқистон собиқ домоди Нурсултон Назарбоев – Роҳат Алиевро дар куштори Олтинбек Сарсонбоев муттаҳам кардааст. Сарсонбоев, ки яке аз мухолифони давлати Қазоқистон буд, соли 2006 кушта шуд.
Додситони кулл гуфтааст, ин маълумотро аз Рустам Иброҳимов, ки ба гуфтаи мақомот дар ин ҷиноят даст дорад, дарёфт кардааст. Ба иттилои манбаъ, маълумот дар мавриди фармоишгари ин ҷиноят будани Роҳат Алиевро ҳанӯз моҳи апрели соли 2012 рӯи даст доштанд ва танҳо баъди он ки ин фарзия ба пуррагӣ тасдиқи худро ёфт, онро эълон карданд.
Роҳат Алиев дар гузашта бо Дарига Назарбоева, духтари калонии Нурсултон Назарбоев издивоҷ карда буд. Ӯ ба тиҷорат машғул буда ва дар мақомҳои раҳбарикунандаи мақомоти қудратии Қазоқистон кор мекард. Баъдан, сафири Қазоқистон дар Австрия таъин шуд.
Дар соли 2000 ду нафар ӯро дар рабудани шавҳарҳояшон, ки дар низоми бонкӣ кор мекардаанд, муттаҳам карданд. Нисбат ба Алиев парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва додгоҳ дар ғайбаш ӯро ба 20 соли зиндон ҳукм кард. Баъдан, Роҳат Алиев ҳамчунин бо иттиҳоми талоши сарнагун кардани ҳокимият гунаҳкор шуд. Қабл аз ҳамаи ин иттиҳомот Дарига аз ӯ ҷудо шуд. Роҳат Алиев ҳоло дар Австрия буда ва мақомоти Қазоқистон барои боздошт ва истирдоди ӯ муваффақ нашудаанд. Ӯ ҳамаи иттиҳомотро бофта дониста, худро бегуноҳ мешуморад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |