Бахшҳо

Манучеҳр Қудратов дар бораи “Bild” ва дуздии мошинҳо

Хабари рӯзномаи "Bild" дар бораи истифодаи мошинҳои дуздидашуда дар Олмон аз тарафи наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Агар иддае ин хабарро воқеӣ шуморанд, гурӯҳе дигар онро ҷиддӣ намепиндоранд ва ба ин фикранд, ки нашрияи олмонии “Bild” бидуни асосе онро ба чоп расондааст. Дар ин замина хабарнигори “Озодагон” бо Манучеҳр Қудратов -- доктори Донишгоҳи Регенсбурги Олмон гуфтугӯи кӯтоҳе анҷом дод.


Нахуст аз Қудратов пурсидем, иттилои рӯзномаи “Bild”-и Олмон, ки рӯзи 19 декабр навишт, ҳудуди 200 сабукрави дуздидашуда дар ин кишвар дар Тоҷикистон ёфт шудаву гӯиё теъдоде онҳо аз тарафи атрофиёни Эмомалӣ Раҳмон истифода мешавад, то куҷо қобили эътимод аст? Ин хабар дар нашрияҳои дигари олмонӣ низ чоп шудаанд, ё хайр?

Қудратов: “Ин хабарро аввал рӯзномаи “Bild” бо такя ба ҳарфҳои сенатори шаҳри Берлин, Томас Ҳайлман, чоп кард ва баъдан дигар расонаҳои хабарӣ онро паҳн намуданд. Бояд гуфт, рӯзномаи “Bild” дар Олмон ба гурӯҳи рӯзномаҳои хиёбонӣ ва ё ҳангомаҷӯй шомил мешавад ва хабари онро аслан ҷиддӣ қабул кардан нашояд. Ҳамасола дар Олмон ҳазорҳо мошини сабукрав дуздида мешаванд. Барои мисол, соли 2012 беш аз 18 ҳазор, соли 2011 беш аз 19 ҳазору 600 мошин дуздида шудааст. Аз имкон берун нест, ки қисме аз ин мошинҳои рабудашуда то бозорҳои Тоҷикистон оянд ва ин ҷо харидорӣ шаванд. Фикр мекунам, истифодаи 200 мошин аз тарафи дӯстон ва наздикони президенти кишвар як фарзияи ноқис ва бесарупои муаллифи хабар аст.”

Озодагон: Сафири Тоҷикистон дар Олмон низ воқеият доштани ин хабарро рад кардааст. Бо назардошти вазъи феълии бозори мошини Тоҷикистон ва сатҳи фасод оё мешавад гуфт, ки ин иттилоъ метавонад то ҷое асос дошта бошад?

Қудратов: “Рад ва ё шарҳ додани чунин хабарҳо вазифаи новобастаи сафир ва сафорати Тоҷикистон дар Берлин аст. Ман ба сатҳи баланди фасод дар Тоҷикистон шак надорам. Аммо сари ин масъала бояд аз рӯи сатҳи фасод дар кишварҳои соҳили Балтик низ баҳс намуд, чун “тақдир”-и мошинҳои рабудашударо маҳз дар ин кишварҳо ҳал карда, дар як муддати кӯтоҳ аз занҷири хариду фурӯшҳо мегузаронанд, то фош сохтани фурӯшандаи нахусти он номумкин гардад. Ин амалҳо бе даст доштани мақомоти фасодзадаи ин кишварҳо ғайриимкон аст. Мувофиқи қонунгузории граждании Тоҷикистон дар сурати дуздӣ будани молу мулк, молик ҳақ дорад, онро талаб карда гирад. Аммо дар ҳолати мазкур, ки ашё аз занҷири дарози хариду фурӯш мегузарад, дубора талаб карда гирифтани он ғайриимкон аст. Ин ҷо бояд қонунгузории Тоҷикистон ва дигар давлатҳои дахлдор чорае ҷӯянд.”

Озодагон: Фикр мекунед, паҳни чунин хабар аз тарафи расонаҳои ҷаҳонӣ ба имиҷи давлати Тоҷикистон чӣ таъсир дорад?

Қудратов: “Албатта, паҳни ин гуна хабарҳо ба обрӯи бе ин ҳам костаи Тоҷикистон латма мезанад. Аммо чаро маҳз номи Тоҷикистонро бо ин хабар расонаӣ кардаанд, бароям муаммост. Тақрибан аз 20 000 мошини рабудашуда 200 ададаш дар Тоҷикистон бошад, боқӣ 19 800-аш дар куҷост? Чаро маҳз номи Тоҷикистон расонаӣ шудааст, воқеан, муаммост.”


Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
Аспирант
Манучехри азиз, содда будаед-да. Намаки ин хабар ин аст, киg ин 200 БМВ дар ихтиёри пайвандони рахбари як давлат карор доранд. Агар дар дасти ягон афроди шубханоку мафиози мебуданд, хайр мегуфтем, ки кори чахони чиноист. Вале вакте гап сари атрофиёни президент меравад, инчо проблема дигар аст, ки чи касе моро рахбари дорад ва ин рох моро ба кучо мебарад. Билд рузномаест, ки аз бучаи Точикистон бештар даромад дорад. Ин рузнома беасос чунин изхорот пахш намекунад. Сенатори Берлин хам девона нест, ки беасос изхорот пахш кунад.

Сода
Манучехрчон шумо дар Аврупо доктор шудед лекин холям сода будагед Билд рузномаи хеле асоснок аст ва бе асос наменависад. боқӣ 19 800-аш дар куҷост? dar dasti duzost mafiozost, agar dar dasti yagon nazdikihoi prezidenti yagon davlat mebud meguftand…..

200 мошин дар точикистонай бари чи номи точикистон аст тамом ба ин савол одами одди чвоб дода метавонад барои ки дуздои точикистон бесаводанн аз дуздои диар давлатхо фарк мекунан
...аввал ин киии точикои мо медуздан секретные сигнализация GPS -роо хомуш карда наметавонанн дар мошинхои замонави 4-5 намуди сигнализация вучуд дорад... аз хамин сабаб номи точикистон аст халосс ... дигар дуздо басаводанн яхел медуздан ки номи давлату милат пасс нашавва ва хама сигнализацияро хомуш мекунанн...

Офарин бар чаноби Кудратов,хакикати холро гуфтед.дар бахсхои кабли низ ман чунин шарх дода будам лек аз тарафи базе аз сохибназарони тундфикр тахкир шунидам.
дар инчо низ бархе мегуянд ки мошинхо дар дасти наздикони приздентасту дигару дигар охир фарк чи ки дар дасти кист мол тарики хариду фуруш ба сохибаш расид инчо дуздро муаян кард на харидорро

олим
Ин чо гап сари он аст ки барои чи мошинхоро барнагардонданд. Ин масала аз соли 2011 давом дорад вакте ки Интерпол он сол дар Точикистон тренинг барои кормандони хифзи хукук мегузаронд ва дарсхои практики дар мошинбозор мегузаштанд. Ин чо сахми интерполи Точикистон ва сафир Саторов хеле баланд аст дар муайян кардани сохибони мошинхо.

О и одамо мошина харида бошан айби иё чияй хаму дуздора бкапан на хридагиера

карим
Бист сол аст ки Точикистона горат кардестан да пеши чашмон хама медонем ягон чои шубхааш нест.

Ёвони "О и одамо мошина харида бошан айби иё чияй хаму дуздора бкапан на хридагиера"- гуфтант қати. Харидаги пули дздидагиш кати нахрад дузд хам дуздида ба пеши харидор намебарад. Спрос порождает предложению - арзаву такозо, - гуфтаанд, - мантики иктисодиро аз капитали бобои Маркс хон, мисли Кудратов дар зодгохи Энгелс баъд мефахми, ки качдору марезаш, яъне чи))

Точик
Ин танхо точик кудрат дорад. ки аз бекорию бесаводи рузи даркор дар интернет нишинад ба хотири рузкуркуни ва точикеро ки дар Германия доктор шудааст ва дар ончо таълим медихад соддаю бесаводу гайра гуяд. Ахсан точики аз бекори дар интернет сайркунанда. АХСАН.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)