Бахшҳо
20 дек 2013 16:00Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эътимоди Раҳмон барои коҳиши "тағобозӣ" дар соли 2014

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми декабр, дар хиёбони Рӯдакии Душанбе бинои нави “Маркази миллии тестӣ” (ММТ)-ро ифтитоҳ кард, ки бо харҷи беш аз 8 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин марказ зикр кардааст, ки ҳадафи асосии таъсиси Маркази миллии тестӣ ва шуъбаҳои минтақавияш холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аст: “Сохтори ММТ аз раёсат, 11 шуъба, 1 бахш ва 4 шуъбаи минтақавӣ, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ иборат аст.”

Манбаъ таъкид мекунад, ки аз соли 2014 сар карда, имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ба таври мутамарказ дар шуъбаҳои минтақавии ММТ тестӣ бо истифода аз навтарин техникаю таҷҳизот ва бе дахолати шахсони манфиатдор ба роҳ монда мешавад: “ Низоми нави имтиҳонсупорӣ тавре таҳия гардидааст, ки тамоми имконоти дахолати беруна ва тақаллуб аз миён бардошта шудааст. Ҷараёни имтиҳонсупорӣ, санҷиши натиҷаҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ аз ҷониби барномаҳои компютерӣ бе дахолати инсон анҷом дода мешавад. Шахсони масъули назораткунанда низ ба ягон довталаб кумак расонда наметавонанд, зеро дар варақаҳои имтиҳонӣ ному насаб ва ё ягон маълумоти дигар дар бораи довталаб навишта намешавад. Ба ҷойи ному насаб танҳо штрихкод навишта мешавад ва ба кӣ тааллуқ доштани варақаи имтиҳонӣ танҳо пас аз баҳогузорӣ ошкор карда мешавад.”

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки ҷавоби натиҷаи имтиҳонҳо ба довталабон тавассути сомонаи интернетии ММТ, марказҳои минтақавии он ва ба суроғаҳои шахсии довталаб тавассути почтаи электронӣ, паёмаки SMS ва дигар воситаҳо расонда мешавад: “Афзалияти дигар ва бисёр муҳими ин низом дар он аст, ки довталабон бо харҷи маблағи зиёд ба пойтахт ё дигар шаҳрҳо нарафта, метавонанд дар марказҳои ба маҳалли зисташон наздик имтиҳон супоранд. Интихоби макони имтиҳонсупорӣ ҳам барои довталабон ихтиёрӣ аст. То кунун дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Рашт ва Бобоҷон Ғафуров 20 маркази бақайдгирии довталабон ва 52 маркази имтиҳонӣ омода карда шудааст.”

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон ММТ-ро “қадами муҳим дар ислоҳоти соҳаи маориф” номида, таъкид дошт, ки “минбаъд бояд тамоми намуди имтиҳонҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба таври электронӣ ва шаффофу одилона ба роҳ монда шавад”.

Раисиҷумҳур ба Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи телевизион ва радио супориш додааст, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа корҳои фаҳмондадиҳии низоми нави имтиҳонсупориро барои довталабони оянда васеъ ба роҳ монанд, то ки онҳо бохабар бошанд ва мутаносибан омода шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки низоми нави муосир, ки аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ гирифта шудааст, “ба сифати қабули донишҷӯён ва интихобу тарбияи мутахассисони боистеъдод таъсири мусбӣ мерасонад”.

.
Мӯҳр
донишчу
Агар маркази миллии сохташуда давоми маркази миллии Донишгохи милли бошад окибаташ ба хайр шавад. Ба хар хол кори начиб ва муфид аст ба мардум мохияташ агар хуб расонида шавад. Локин агар ба чои сала калара биеран войбар холи довталабон......

Фаридун
як рохи пулкоркуни бо сар шуд

Дар донишгохи тибби алакай шаффофият вучуд дошт. ИН марказ барои дигар донишгоххо БИСЕР ЗАРУР АСТ ХУСУСУН ДОНИШГОХИ МИЛЛИ

Рахмдил
Ба ректор ВА деканхои ДДХ рохи пул кор куни мушкил шуд. Худо сабр дихад. Агар ба хамин маркази тести пулашро дихи хдшон омада БА чои ту имтихон месупоранд бовар кунед...

бовар кунед боз чанд чои кории нав ба амал омад онхо ба фикри шумо бо маош сабр мекунандми хар гиз не албатта ки боз чанд порахури дигар зиёд шуд. шумо гуфта метавонед ки инхо хеч гох аз касе пора нагирифта хакикат кор мекунанд. инашро танхо худо медонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)