VIDEO: Қиссаи талхи Холмоҳ ва боздошт барои пардохти ҷарима ё "ришва"?
Холмоҳ Раҷабалиева , як зани муҳоҷири тоҷик, мегӯяд, мақомоти Русия аз ӯ барои он ки аз мӯҳлати будубоши қонунияш шаш рӯз гузаштааст, 5 000 рубл ҷарима талаб карда, аммо ҳоло тағояшро барои пешниҳоди ришва муттаҳам мекунанд. Каромат Шарифов , раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, дар шарҳи ин қазия гуфтааст, мақомоти вилояти Маскав қасди ихроҷи Раҷабалиеваро доштанд ва, барои ҳамин, шоми 22 ноябр ба манзили ӯ рафтанд. “Баъд аз он барои супоридани 5 ҳазор рубл ба шӯъбаи пулис даъват кардаанд. Дар идома Холмоҳ аз тағояш Ф.Ризоев кумак мехоҳад”,-афзудааст ӯ. Тағои Раҷабалиева (Ф.Ризоев) дар навори видиоие иброз доштааст, ки баъд аз бозпурсӣ бо даъвати мақомот барои пардохти ҷарима ба идораи пулис рафта буданд, лекин дар он ҷо ӯро барои ришва доданаш боздошт кардаанд. “Шаб занг зада гуфтанд, 5 ҳазорро тайёр кунед. Рӯзи дигар мо ба идораи пулис рафтем ва пурсиданд, ки 5 ҳазорро овардед. Гуфтам, бале ва баъдан шиносномаи духтарро пурсиданд. Пулро талаб карданд, ҳамон лаҳзае, ки пулро додам, зуд аз берун чанд нафари дигар ворид шуда, маро дастгир карданд. Ҳоло нисбат ба ман парванда боз шуда ва ҳукми маро 8 сол гуфтанианд. Худи ҳамин лаҳза духтар аз ҳуш рафту ӯро ба беморхона бурданд” ,-илова кардааст ӯ. Номбурда аз ин амали мақомот сахт нигарон шуда, мегӯяд, “набояд бе ҳеч гуноҳе маро 8 сол зиндонӣ кунанд”.VIDEO
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30