Сокинони Оқсой роҳи бастаи Ворух-Исфараро боз карданд

Баъд аз гуфтугӯи ҳайати давлатии Қирғизистон бо сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд роҳи Ворух-Исфара боз шудааст. Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд, ба “Озодагон” гуфт, “роҳ соати 17:30 дақиқа боз шуда, вазъият муътадил аст”. Оқои Сангинов илова кард, акнун гуфтушуниди ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкиле, ки боиси низоъ миёни сокинони Воруху Оқсой шудааст, дар Бишкек идома хоҳад ёфт.
Ин роҳ аз рӯзи 17 декабр, дар пайи сӯхтори як манзили сокини Ворух ва як чойхона дар ҳудуди Оқсой баста шуда буд. Сокинони Оқсой шарт гузоштанд, ки танҳо дар сурати иҷоза додани Тоҷикистон барои бунёди роҳи алтернативии Қирғизистон масири Ворух-Исфараро боз хоҳанд кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо сокинони Исфара гуфта буданд, ба ҳеч ваҷҳ барои сохтмони ин роҳи алтернативӣ иҷоза нахоҳанд дод. Ҳоло маълум нест, мақомот ба шарти қирғизҳо розӣ шудаанд, ё на.
Зеро рӯзи 19 декабр намояндагони воломақоми Қирғизистон бо сокинони деҳаи Оқсой сӯҳбат карда, аммо натавониста буданд ба натиҷае бирасанд. Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара, гуфта буд, “сокинони деҳаи Оқсой ба ҳарфи мақомот гӯш надоданд. Қирғизҳо ба ҳарфи худ истодагарӣ карда, мегӯянд, дар сурати иҷозаи идомаи бунёди иншоот роҳи Ворух-Исфараро хоҳанд кушод.” Ба гуфтаи котиби матбуотии шаҳри Исфара, минтақаи мазкур баҳснок буда, бар асоси санади дуҷонибаи кумисюни байни ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин қаламрав ҷонибе ҳаққи бунёди иншоотро надорад.
“Бунёди иншоот дар ин минтақаи баҳснок танҳо баъд аз хулосаи кумисюни байни ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ва мушаххас кардану аломатгузорӣ шудани марз иҷоза дода хоҳад шуд”,-илова кард Иқбол Тешаев. Рӯзи 17 декабр, дар пайи низоъ миёни сокинони ҷамоати наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, роҳи Ворух-Исфара баста шуд. Барои бартараф кардани ин низоъ муовини раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва раиси шаҳри Исфара, Даврон Зоҳидов ба ҷойи ҳодиса рафта буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |