Таассуфи тоҷикон аз пошхӯрии Шӯравӣ
Созмони байналмилалии Gallup, зимни як назарпурсӣ муайян кардааст, ки баъди 22 соли пошхӯрии Шӯравӣ бисёре аз сокинони кишварҳои собиқи иттиҳод аз парокандашавии он таассуф мехӯранд.
Ин созмон дар 11 кишвари пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, миёни 1000 шаҳрванди калонсол назарпурсӣ гузаронда муайян намудааст, ки ба истиснои озарҳо, қазоқу туркманҳо сокинони кишварҳои дигар, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро барояшон зараровар хондаанд.
Дар маҷмуъ бештари сокинони пасошӯравӣ, махсус солхӯрдагон парокандагии ин Иттиҳодро бохт хондаанд. Gallup таъкид мекунад, ки сокинони нисбатан таҳсилдида, мустақилияти кишварашонро аз вуҷуд дар Иттиҳоди Шӯравӣ авлотар арзёбӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |