Хабарнигори “Озодагон” бо ду сокини шаҳри Душанбе, ки яке ҳиҷобдору дигаре аврупоипӯш аст, сӯҳбате орост ва аз ҳардуи онҳо далели дилбастагӣ ба либосҳояшонро пурсид. Назару мавқеи онҳо бидуни таҳрир нашр мешавад.
Меҳрангез -- донишҷӯи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон:
“Сатр, пеш аз ҳама, барои занҳои мусалмон фарз аст. Ман дар яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербург таҳсил мекардам ва баъд аз хатми донишгоҳ ба Душанбе омада, дар назди як зан сабақ гирифтам. Пеш аз сабақ гирифтан, бо либосҳои аврупоӣ мегаштам ва ҳаракат мекардам, либосҳои гаронарзиш бихарам. Ба сатрпӯшҳо муносибати хуб надоштам, чун мегуфтанд, баъзеяшон корҳои ношоям мекунанд. Аммо муаллимае, ки асосҳои дини Исломро таълим медод, бо панду насиҳатҳои худ маро ба пӯшидани ҳиҷоб ё рӯсарӣ водор кард. Ман ҳоло либосҳои ба қавле исломиро аз маркази савдои “Саодат” харидорӣ ва ба бар мекунам, ки қиаматаш аҳ 200 то 600 сомонист. Аз ин кор пушаймон нестам ва худро ором ҳис мекунам. Бо он ки дигарон чӣ мепӯшанд, коре надорам. Ин хоҳиш ва интихоби ҳар нафар аст, ки чӣ бипӯшад ва ё напӯшад. Вале агар либос нимбараҳнаву шаҳватбарангез набошад, хубтар аст. Ман ҳоло дар Донишгоҳи исломӣ таҳсил мекунам ва аксари духтарон бо ҳиҷобу рӯсарӣ мегарданд. Ҳоло ба ин муҳит одат кардаам.”
Таҳмина, хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия:
“Бештар либоси аврупоӣ мепӯшам, чун барои ман мақбул аст. Ман худро бо ин гуна либосҳо озод эҳсос мекунам. Либоси кӯтоҳ, танг ва кушодро танҳо дар тобистону аввалҳои тирамоҳ мепӯшам ва ҳамеша мехоҳам, ки аз дигарон фарқ кунам. Вақте ман ба харидкунӣ меравам, албатта, барои худ либоси босифат ва замонавиро интихоб мекунам ва бисёр вақт ҳаракат мекунам аз либосҳои хонаҳои муди “zara”, “fendi”, “gucci”, “prada” бошад. Нархи он либосҳое, ки ман ба бар мекунам, аз 300 то 800 доллари амрикоист. Ба фикри худам низ хеле гарон аст, аммо ҳаракат мекунам, ҳадди ақал чоряки нархи он либосҳоямро бо маошам рӯйпӯш намоям. Медонам, ки мардум дар ҳаққи мо ҳар хел сухан мегӯянд, вале ҳар кас хуб медонад, ки ба ӯ чӣ зебанда аст. Гузашта аз ин, агар ҳиҷоб дошта бошиву бештар гуноҳ кунӣ чӣ? Магар ҳоло сафи онҳое, ки сару рӯи худро пӯшондаву дар паси парда чи корҳое намекунанд, каманд? Хуб нест, ки ошкор бошиву ба роҳи рост биравӣ? Худо инсоф диҳад, вагарна на ҳиҷоб кумак мекунад, на панду насиҳат.”