Идораи суғуртаи шаҳри Кӯлоб ба як сокини ҳамин шаҳр бо исми Хуршед Шеров ба маблағи 410-сомонӣ кӯмак кардааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи як садама нақлиёти Шеров осеб дида будааст ва ӯ барои ёрдампулӣ ба идораи суғурта, ки узви он будаву ҳамасола бо таври иҷборӣ ҳақи суғурта пардохт карда меомад, муроҷиат кардааст. Баъди муоинаи техникӣ, ба ронанда 410-сомонӣ маблағ додаанд. Тибқи иттилои Сафаралӣ Шарофов, сардори идораи суғуртаи шаҳри Кӯлоб, аз аввали сол инҷониб ҳамин идора барои зарардидагон аз офатҳои табиӣ, садамаҳо, суғуртаи амволу саломатӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш ба маблағи 85.300-сомонӣ кӯмак расондааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Ба андешаи Шарофов, яке аз самтҳои ҷалбсозӣ ба суғуртаи ихтиёрӣ ва пардохт намудани ҳақи суғурта аз ҷониби шаҳрвандон ин сари вақт ба кӯмаки аъзоён расидан маҳсуб мегардад. «Кормандони мо баъди воридшавии ҳар аризаи аъзоён ҳатман аз он санҷиш гузаронида, бо тартиби ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба зарардидагон мутобиқ ба қоидаҳои суғуртапулӣ кӯмак мерасонанд»,-мегӯяд Шарофов.
Ҳамзамон номбурда афзуд, муассисаи суғуртавии шаҳрӣ дар 6-моҳи имсол нақшаи гузошташударо аз 12- намуди суғурта ба миқдори 119-фисад иҷро кардааст. Аз ҷумла 7-намуд суғуртаи ҳатмӣ ба миқдори 105-фоиз ва боқӣ суғуртаҳои ихтиёрӣ ба миқдори 150-фоиз иҷро гардидаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр