Умедвории Сангинов ва сафари муовини нахуствазир ба марз
Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд, ки дар ҳоли ҳозир дар марз бо Қирғизистон қарор дорад, вазъиятро мӯътадил арзёбӣ кард. Ӯ субҳи 19 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, гуфтушунидҳо барои ҳалли танишҳои бавуҷудомада идома дорад ва ӯ ба мусбат поён ёфтани қазия мӯътақид аст.
“Мо ҳоло дар Ворух ҳастем. Гуфтушунид бо намояндагони кишвари ҳамсоя идома дорад. Бовар дорем, ин роҳ ҳатман кушода ва вазъият мусбат ҳал мешавад”,-афзуд ӯ. Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси Суғд ва Даврон Зоҳидов, раиси тозатаъини шаҳри Исфара, субҳи 19 декабр барои бартараф кардани низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷамоати Ворух рафта буданд. Оқои Сангинов мегӯяд, то замони боз шудани роҳ дар он ҷо хоҳад монд.
Дар ҳамин ҳол, Токон Мамидов, муовини нахуствазир ва вазири мудофиаю амнияти сарҳади Қирғизистон, барои шиносоӣ бо таниши марзӣ, ки бо роҳбандӣ анҷом ёфт, ба вилояти Бодканд, ба навоҳии наздимарзӣ бо Тоҷикистон сафар кардааст. Дар ин бора, рӯзи 19 декабр раиси парлумони Қирғизистон Асилбек Жээнбеков, хабар додааст.
Ба гуфтаи раиси парлумони Қирғизистон, издиҳом дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, соати 2-и шаби 18 ба 19 декабр пароканда шуда, ҷамъомадагон шарт гузоштаанд, ки агар талаботашон иҷро нашаванд, рӯзи 19 декабр соати 11:00 боз гирдиҳам хоҳанд омад. Сафари ноиби Сарвазир дар ҳолест, ки таниши марзию роҳбандӣ, ки дар пайи сӯхтори як чойхона дар вилояти Бодканди Қирғизистон, сурат гирифт, бо издиҳом ва роҳбандӣ анҷом ёфт, вале баъди гуфтушуниди мақомоти ду ҷониб ҳал шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки 3 рӯз қабл дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон як хона ба коми оташ рафт. Дар пайи ин дар ҳудуди Бодканд низ як чойхонаи шаҳрванди қирғиз ба коми оташ рафт ва сокинони наздимарзии тоҷику қирғиз дар ин сӯхторҳо якдигарро муттаҳам карданд. Дар натиҷа дар марз роҳбандӣ ба вуҷуд омада, аз ду тараф издиҳом ҷамъ гардид. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |