Мавлуди паёмбари Ислом дар толори консертии Crocus City Hall
26 январи соли 2014 дар толори консертии Crocus City Hall-и Маскав маҳфиле бо номи Мавлуди Набӣ баргузор мешавад, ки ҳадафаш бозкушоии чеҳраи паёмбари Ислом ба оммаи бештари мардум аст.
“IslamNews” менависад, ки Мавлуди Набӣ аз намоишгоҳи хайриявӣ ва консерт иборат хоҳад буд.
“Беҳтарин нашидхонҳо меҳмони ин маҳфил хоҳанд буд, ки миёни онҳо Довуд Уорнсби (Канада), шогирди Юсуф Ислом ва Халид Белрузӣ фаронсавии марокашитабор низ ҳастанд. Ҷавонтарин иштирокчии маҳфил Саида Муҳамадниёзова аз Тотористон аст, бо иҷрои таронаҳои исломӣ маъруф шудааст”,-хабар медиҳад манбаъ.
Маҳфили Мавлуди Набӣ ҳамасола баргузор шуда, барои шинохти бештари зиндагӣ ва шахсияти Муҳаммад (с), нақши ӯ дар фарҳанг ва таърихи башарият нигаронида шудааст.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |