Мухолифон барои истеъфои президент 50 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд
Мухолифони ҳукумати Қирғизистон барои истеъфои Алмосбек Отамбоев 50 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд.
Назарбек Нишонов, раҳбари Ҳаракати мардумӣ-ватандустӣ ба K-News гуфтааст, бештари афроди ба тарафдорӣ аз истеъфои президент имзогузошта сокинони минтақаи ҷанубанд. Ба гуфтаи ӯ раванди имзоҷамъкунӣ дар тамоми қаламрави Қирғизистон идома дорад: “Дар ҳоли ҳозир 50 ҳазор имзо ҷамъ шудааст (40 ҳазор аз минтақаи ҷануб). Мо расман изҳор медорем, ки Отамбоев 300 ҳазор имзоро мунтазир нашуда, бо хоҳиши худ ба истеъфо биравад. Дар сурати дигар ӯро тақдири президентҳои қаблӣ интизор аст”.
Қаблан, Назарбек Нишонов ва чанд тан аз тарафдоронаш Алмосбек Отамбоевро дар як қатор ҷурмҳо гунаҳкор карда буданд. Мухолифон миёнаҳои моҳи ноябр эълон кардаанд, барои истеъфои президенти амалкунанда аз 300 ҳазор имзои лозим наздики 20 ҳазорашро ҷамъ кардаанд.
Нишанов соли 2008 таҳдид карда буд, ки агар Қурбонбек Боқиев, президенти вақти Қирғизистон, ба истеъфо наравад худро оташ мезанад.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |