Бахшҳо
18 дек 2013 17:12Тоҷикистон / Сиёсат

Посухи радди ҳукумат ба дархости Ҳизби наҳзати исломӣ

Ҳукумати Суғд ба намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин минтақа гуфтааст, ҳақ надорад, ба донишҷӯён кумак ё аз онҳо қадрдонӣ кунад.

Ин бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд тасмим дошт, аз як қатор донишҷӯёни фаъоли минтақа қадрдонӣ кунад ва аз ҳукумати вилоят барои дарёфти толор ва номгӯи донишҷӯён мусоидат талаб карда буд. Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, рӯзи 18 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳукумати вилоят бо ирсоли як нома ба дархости онҳо ҷавоби рад дода, гуфтааст, ин иқдом хусусияти таблиғӣ дошта, хилофи қонун мебошад.

Ба гуфтаи Ёқубов, мақомот дар ин номаи худ ба унвони онҳо, аз ҷумла гуфтаанд, “ин қидоми Шумо зидди моддаи 3-и Қонуни Тоҷикистон дар бораи маориф ҳаст. Чун мутобиқи он дар муассисаҳои таълимӣ “тарғиб”, таъсис ва фаъолияти сохторҳои аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст. Ҳамзамон донишҷӯёну аспирантҳои муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят бо тартиби муқаррар гардида аз сӯи мақомоти маҳаллӣ андозаи муайяни стипендияҳо пардохт мешавад ва маъмурияти донишгоҳҳо низ баҳри амалӣ гардонидани сиёсати пешгирифтаи ҳукумат барои дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ донишҷӯёнро пайваста бо кумакҳои моддӣ фаро мегирад.”

Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, ин иддаои мақомот бе асос мебошад, зеро ба гуфтаи ӯ, масъулини ҳукумати вилояти Суғд вожаи “таблиғ”-ро дар бахши иқтибос аз қонуни маориф дар номаашон илова кардаанд ва дар матни аслии моддаи 3-и Қонуни Тоҷикистон дар бораи маориф калимаи “таблиғ” наомадааст.

Аз сӯи дигар, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд илова менамояд, ки ин иқдоми онҳо низ гузаронидани корҳои таблиғотӣ ё ташвиқот дар муассисаҳои таълимӣ, ки ба гуфтаи ҳукумати ин вилоят, гӯиё онро қонун манъ кардааст, маҳсуб намешавад: “Чун мо аз масъулини ҳукумати маҳаллӣ хостем, худ макон ва ҷои баргузории чорабиниро муайян созанд.” Ин масъули ҲНИТ бар ин аст, ки ин амали мақомоти ҳукумати вилояти Суғд бозгӯи манъи ҳамкории аҳзоби сиёсӣ, бахусус ҲНИТ бо муассиса ва ниҳодҳои давлатӣ мебошад.

Дафтари ҲНИТ дар Суғд ахиран аз тасмими худ барои дастгирӣ ва ҷонибдории 100 донишҷӯи фаъоли вилоят хабар дода, гуфта буд, бо ирсоли як нома ба унвони Абдураҳмон Қодирӣ, раиси ин вилоят барои баргузории маҳфили қадрдонӣ аз ин донишҷӯён толор хостааст. Ин масъули дафтари ҲНИТ иброз дошт, ки ҳадаф аз ин иқдоми ӯ танҳо боло бурдани ҳисси донишомӯзию ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва тақвияти ҳамкории ҲНИТ бо Вазорати маорифи Тоҷикистону донишгоҳҳои кишвар мебошад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Студент
ин пули хароми шумо ба мо лозим нест. ин хама пули пропогандаи давлатхои Араб аст. чи кумаки шуморо гирем чи гушти хук хурем, харду як!

Зайд
Чалби донишчуёну хонандагон барои таргиби Президент дар давраи интихобот аз чониби хукуматхои махалию ХХДТ зидди конун набошад чи? Хазору як далел мавчуд аст

Ба назари ман ин икдоми пешанамудаи ХНИТ хуб аст. Аммо хангоме, ки таблиги афкори сиёси дар муасисахои таълими манъ бошад, пас чаро пеш аз маъракаи интихоботи варакахои имзочамкунии номзадхо ба донишгоххо оварда шуданд ва яксара имзо гузошта шуд? Тад тамоми донишгоххои ЧТ ин кор мушохида мешуд.

Таргиб танхо барои ХХДТ ичозат дода шудааст?

Эй бародарон кадрдони танхо аз тарафи чаноби оли ва танхо аз хисоби точирон мумкин аст . "конун"-ро вайрон накунед-да.......
Чи шумо мехохе,ки мардум шуморо таъриф кунанду саводнок шаванд ?
Мабодо саводноку донно шаванд ин як хавфи нав барои хукумат аст ...................

Салим
ХНИТ хак надораду ин амалхои хайра анчом медихад. Аммо ту хукуматихо хак доштетон барои чи. Ин корхои ХНИТ-ро намекунетон?!

ХНИТ хак надораду ин амалхои хайра анчом медихад. Аммо ту хукуматихо хак доштетон барои чи. Ин корхои ХНИТ-ро намекунетон?!

точик
чи хел худи хизби ахлки аз донишчухо дар митингу дигар чорабинихо аз донишчухо истифода мекардаасту дигар хизбхо хак надоштаанд инро хасуди а бахили мегуянд на чизи дигар

Ман
Хнит ин хама корхои хубро барои риё накардааст ин хубихои нахзатихоя савобашонро Худо медихад на шумо! Чоп,чоп,чоп.

Ман хайрон мешам боз нигох накарда ба ин забондарозихо...

Ё кадрдони кун ё кунанд!

Хнит-ба гап нест!

Самарқанду Бухоро
Бахилхои мурдае!

Shuhrat
Донишчуени мухтарами ДДХ (ХГУ) бинед ин хукумат Шумоенро аз гирифтани тухфа махрум кард (яъне дар хакки Шумоен зомин шуд) ва нагузошт,ки донишчуени болаекат кадрдони карда шаванд. Аз ин пас муносибати худро бо ин хукумат чигуна ба рох мемонед ва аз ин хукумати тарсончак (тарс аз ХНИТ) дар оянда чи умеде доред? (Озодагон,хохиш мекунам чоп кун. Ташаккур.)

Донишчуи гурусна
Барои пешвозгирии президент тамоми кудакони богчаву мактабхоро чалб мекунед, магар ин таблиг нест? Асосан кумак расонидан ба ахоли вазифаи шумо хукуматхои махаллист. Ба чои он ки шукр гуед ХНИТ ухдадорихои шуморо ичро карда истодааст, баракс монеъа эчод мекунед. Бе ин хам кишри чавони чомеа аз хукумат кайхо дилхунук аст.

Shuhrаt
Озодагон! Чаро назархоро цензура мекуни?! Магар ту озод нест?! Аз ин амал бармеояд,ки озод нести!

Мулло
Ин хнит мехохад дар интихоботи парлумон сохиби курсии зиёд шавад барои хамин ин икдомро пеш гирифтааст

бандаи Аллох
Ман гуфта будам ку намехоханки шумо обуру пайдо кунен хай иншоАллох ачри шуморо Аллох метия

Ин раиси хизби исломи магар намедонад, ки таблигу таргиб як маъно доранд. Иловатан дар мактуби чавоби "таргиб" омадааст ку! "Таблиг" аз кучо?! Моддаи 3-и конунро пурра меорам:
Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф
1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
2. Давлат барои амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуда, фаъолияти онро ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил равона мекунад.
3. Давлат бо мақсади рушди соҳаи маориф ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд.
4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
5. Дар муассисаҳои таълимӣ тарғиб, таъсис ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)