Аз "Колхози Россия" то Ҳисор. Маханов ҷойи мулоқоташро нишон дод

Алимурод Маханов, ки ба гуфтаи мақомот роҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ буда, қасди таркондани чор дарвозаи Душанбе ва бинои Кумитаи амнияти миллиро доштааст, ҷойҳои дидору мулоқот бо ҳамроҳонашро ба муфаттишон нишон додааст. Дар ин бора ба “Озодагон” Умед Бобоҷонов, вакили мудофеи Маханов, хабар дод.
Оқои Бобоҷонов гуфт, онҳо рӯзи 17 декабр ба Ҳисор, Ваҳдат, Оби Гарм ва маҳаллаҳои “Саховат”-у “Колхози Русия” рафта, маҳалли сӯҳбати нафари таҳти ҳимояташ бо ҳамроҳони ӯро дидаанд. Ба қавли ин вакил, айни ҳол Маханов барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, тероризм, бо худ гирифта гаштани лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда муттаҳам дониста мешавад. “То 30 декабр тафтишоти пешакӣ идома дошта, баъд аз он хулосаи айбдоркунӣ ба додситонӣ ё прокуратура фиристода хоҳад шуд”,-афзуд Умед Бобоҷонов.
Алимурод Маханов ва ҳамроҳонаш дар остонаи интихоботи президентии 6 ноябр боздошт шуданд. Худи ӯ дар як намоиши телевизионӣ гуфта буд, ҳадафи онҳо таркондани баъзе иншооти Душанбе, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва “шикастани сохтори давлатии Тоҷикистон” буд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафараеро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст.
Мақомот мегӯянд, Алимурод Маханов то замони боздошташ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чандин таркишҳоеро анҷом дода, аз ҳуҷраҳои ба иҷора гирифтаи аъзои гуруҳ аз кӯчаҳои Фучик ва Неъмат Қарабоеви Душанбе ду таппончаи тамғаи Макаров бо тирдон, адабиёти динӣ-ифротӣ, нақшаҳои тарзу усули омода ва таркондани маводҳои тарканда, сару либоси ҷангӣ, ноқилҳои гуногун ва камарбандҳои интиҳорӣ низ ёфт шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |